Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сенатори Амрико: “Долларҳои Амрико дар Афғонистон ба дасти Толибон ва Алқоида меафтад”
Узви Маҷлиси намояндагони Амрико Тим Бэрчетт бо интиқод аз фиристодани ҳафтавори бастаҳои 40 миллион долларии Амрико ба Афғонистон таъкид намуд, аксари ин кумакҳои хориҷӣ ба дасти Толибон ва Алқоида мерасад.
Тим Бэрчетт барои қатъ кардани дастрасии террористҳо ба маблағи молиётдиҳандагони Амрико қонун дар бораи “Дастрасӣ надоштани террористҳо ба маблағи молиётдиҳандагони Амрико” –ро пешниҳод кардааст.
Тим Бэрчетт, узви Кумитаи назорат ва корҳои хориҷии Маҷлиси намояндагон рӯзи сешанбе дар як нишасти хабарӣ дар ин бора чунин таъкид кардааст: “40 миллион доллар маблағи молиётдиҳандагони мардуми Амрико ба воситаи ҳавопаймоҳои махсус ба дасти Толибон мерасад”.
“Ҳар вақт созмонҳои ғайридавлатӣ пулро харҷ мекунанд, Толибон ҳиссаи худро мегиранд. Вақте ки пул барои табодул бо пули Афғонистон табдил дода мешавад, Толибон ҳиссаи худро мегиранд. Толибон, инчунин, муайян мекунанд, ки кӣ метавонад кумакҳои хориҷӣ гирад. Аксар вақт ин афрод ё худи Толибонанд ё Алқоида”.
Лоиҳаи қонуне, ки Тим Бэрчетт ба Маҷлиси намояндагони Амрико пешниҳод кардааст, дастрасии гурӯҳҳои террористӣ ба кумакҳои хориҷиро қатъ мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”