27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
26.02.2025 14:07

Ӯзбекистон нагузошт, ки шаҳрвандонаш аз тарафи Амрико ба Коста-Рика дипорт шаванд

Мақомоти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар доираи мубориза бар муҳоҷирони ғайриқонунӣ  ҳафт шаҳрванди Ӯзбекистонро мехостанд ба Коста–Рика депорт кунанд. Дар натиҷаи музокироти намояндагони ҳукумати Ӯзбекистон бо мақомоти амрикоӣ 7 шаҳрванди ин кишвар ба воситаи хатсайри Ню-Йорк - Тошканд ба кишвар баргаштанд.

Қабл аз ин, Коста – Рика розӣ шуда буд, ки 200 муҳоҷири ихроҷшуда аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро қабул кунад. Бар асоси иттилоъ, муҳоҷироне, ки бояд ба Коста-Рика ихроҷ мешуданд, шаҳрвандони кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон ва Ҳинд мебошанд.

“Бар асоси созишҳои мо, ҷониби Амрико дар хусуси ҳар як мавриди хироҷкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба таври фаврӣ хабар медиҳад. Тибқи меъёри амалкунанда миёни ду кишвар шаҳрвандони мо аз ИМА ба ватан ба воситаи хатсайри Ню-Йорк – Тошанд бармегарданд” – таъкид кардааст Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбакистон.

Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон гуфт, ки мақомот ба қазияи депорти шаҳрвандони ин кишвар аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба дигар кишвар таваҷҷуҳ менамояд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.