Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Таҳсил ва хобгоҳи ройгон. 12 донишҷӯи тоҷик ба Чин рафтанд
Дафтари матбуоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 12 донишҷӯи ин донишгоҳ дар ҳошияи барномаи табодули академӣ ба Донишгоҳи илм ва технологияи Шансии Чин ҷалб гардиданд.
Гуфта мешавад, ки сафарбар кардани донишҷӯён дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи илм ва технологияи Шансии Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат гирифта, таҳсил ва хобгоҳ барои онҳо ройгон мебошад.
Донишҷӯёни тоҷик бо мақсади омӯзиши таҷрибаи пешқадами омодасозии кадрҳои баландихтисос дар Донишгоҳи илм ва технологияи Шансии Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҳамчунин, баланд бардоштани малака ва салоҳиятнокии касбӣ, омӯзиши забони чинӣ ва усулҳои нави таълим сафарбар шудаанд.
Манбаъ меафзояд, ки табодули академии донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ, аз ҷумла Олмон, Корея, Ҳиндустон, Гурҷистон ва дигар давлатҳо идома дорад. Барои омодасозии онҳо ба барномаҳои табодули академӣ даврҳои ройгони омӯзиши забонҳои хориҷӣ ташкил гардидаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”