Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Тармафароӣ ва қатъи ҳаракати мошинҳо дар масири Душанбе-Чаноқ
Ширкати “IRS” (Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД) хабар дод, ки бинобар фаромадани тармаҳо ва боришоти зиёд, роҳи Душанбе-Чаноқ барои ҳаракати тамоми нақлиёт баста аст.
Тибқи иттилои манбаъ, бо вуҷуди борошоти зиёд, дар ҳоли ҳозир, бартараф кардани тармаҳо идома дорад.
Ба гуфтаи “IRS”, ки нигоҳубинии роҳи Душанбе-Чаноқро бар уҳда дорад, бештари тармаҳо дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар баъзе қитъаҳои масири Душанбе-Чаноқ баландии барф ба 80 сантиметр расидааст.
Бояд гуфт, ки масири Душанбе-Чаноқ ягона роҳест, ки маркази кишварро бо шимол мепайвандад ва одатан дар фасли сармо аз сабаби боришоти зиёд тармафароӣ мешавад ва муваққатан ҳаракати нақлиёт қатъ мегардад.
Ҳамчунин, ширкати мазкур дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст, ки аз кушода шудани роҳ, дар соатҳои наздик хабар хоҳад дод.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”