Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Боз кӯшиши инқилоби ранга: Қирғизистон 11 нафарро ба гумони ташкили гирдиҳамоӣ боздошт кард
Мақомоти полиси Қирғизистон иттилоъ дод, ки санаи 24-уми феврали соли ҷорӣ 11 нафарро ба иттиҳоми ташкил намудани эътирозҳо ва бетартибиҳои оммавӣ боздошт карданд.
Полиси Қирғизистон мегӯяд, ки дар миёни боздоштшудагон як вакили парлумони Қирғизистон низ ҳаст.
Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон иттилоъ дод, ки як гурӯҳ мунтазам вохӯриҳо ташкил намуда, дар он нақшаи ташкил намудани бетартибиҳои оммавӣ, эътироз ва ташкил намудани гирдиҳамоӣ ба хотири ноором кардани кишварро созмондеҳӣ мекарданд.
Дар натиҷаи тафтишот мақомоти полис аз муттаҳамон силоҳҳои оташфишону сард, лавозимоти ҷангӣ, либосҳои камуфляжӣ, ниқобҳои рӯйпӯш, маводи мухаддир, адабиёти динӣ, телефонҳои мобилӣ, флеш-кортҳо ва дастурамалҳо барои ташкили бетартибиҳоро мусодира кардаанд.
Гумонбарон боздошт шуда, ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол дода шуданд. Ҳоло тафтишот идома дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”