Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Боздошти дузди компютеру кортҳои бонкӣ ва ҷавоҳирот дар Душанбе
Як сокини 25-солаи шаҳри Душанбе ба силсилаи дуздӣ дар хонаҳо гумонбар дониста шуд. Дар ин хусус, Раёсати Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Бар асоси иттилоъ, лаҳзаи ворид шудани ҷавон ба яке аз хона ба воситаи камераҳои назоратӣ сабт шудааст. Дар натиҷаи корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ШКВД-1-и ноҳияи Сино шахсияти гумонбарро муайян карданд.
Гумонбар ба дуздӣ Латифзода Муҳаммад, сокини шаҳри Душанбе буда, қаблан низ барои содир намудани ҷинояти дӯздӣ боздошт шудааст.
Тибқи тафтишоти пешакии полиси ноҳияи Сино гумонбар аз хонаи шаҳрвандон маблағҳои калон, компютерҳо, кортҳои бонкӣ, ҷавоҳирот ва дигар ашёҳои қимматбаҳоро дӯздида, ба ҷабрдидагон зарари калони моддӣ расонидааст.
Нисбати шахси гумонбар чораҳои пешакӣ дар шакли ҳабс татбиқ гардидааст. Айни ҳол мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тафтишотро идома дода, эҳтимоли даст доштани муттаҳам ба ҷиноятҳои дигарро тафтиш мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”