Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Роҳи “Данғара -Гулистон” –ро бо стандартҳои “долони сабз” бозсозӣ мекунанд
Бозсозии роҳи автомобилгарди “Данғара – Гулистон” дар Тоҷикистон бар асоси лоиҳаи намоишии “Долони сабз” оғоз мегардад. Лоиҳаи зикршуда аз ҷониби Бонки осиёии рушд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд сармоягузорӣ мешавад.
Тибқи иттилоъ, корҳои бозсозии роҳро ширкати «Hunan Road and Bridge Construction Group Co»-и Чин анҷом медиҳад. Шартнома оид ба оғози амалисозии лоиҳа 24-уми феврали соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон ва директори намояндагии ширакат дар Тоҷикистон Мяо Хао созишномаи бозсозии роҳи “Данғара-Гулистон”-ро имзо намуданд. Дар маросими иҷрои созишнома, ҳамчунин, директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо Нуралӣ Арабзода ширкат намуд.
Бар асоси лоиҳа шоҳроҳи “Данғара-Гулистон”, ки 49 киллометр дарозӣ дорад ва дар солҳои 1930 сохта ва дар соли 1970 бозсозӣ шудааст, ба чор хати ҳаракат табдил дода мешавад. Ҳамчунин, дар он роҳҳои велосипедронӣ, тротуарҳои пиёдагардон ва равшандиҳии роҳ бунёд хоҳад шуд.
Дар доираи лоиҳа гузаргоҳҳои бехатар, истгоҳҳои пилотии барқгирии мошинҳои электронӣ, инфраструктура барои модарон, кӯдакон ва шахсони имконияташон маҳдуд, сохта мешавад.
Маблағи умумии лоиҳаи бозсозии роҳи мазкур 149, 67 миллион долларро ташкил медиҳад. Маблағи мазкур 86, 67 миллион доллар гранти Бонки осиёии рушд, 23 миллион доллар саҳми Ҳукумати Тоҷикистон ва 40 миллион доллар қарзи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аст.
Роҳ бар асоси дастурамали Бонки осиёии рушд оид ба сохтани роҳҳои сабз, ки бо ҳамкории Федератсияи байналмилалии роҳсозӣ ва “MetaMeta Research” (Нидерландия) таҳия шудааст, бунёд мегардад. Дастурамали зикрушда имкон медиҳад, ки ҳадафҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии сохтмони роҳҳо тавозун дошта бошад.
Гуфта шудааст, ки корҳои сохтумони роҳ аз аввали моҳи марти соли 2025 оғоз шуда, то соли 2030 пурра ба анҷом мерасад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”