Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар гумруки Ӯзбекистон “Долонҳои сабз” ва “Долонҳои сурх” ҷорӣ мекунанд
Дар гузаргоҳҳои бузурги Ӯзбекистон эҳтимол дорад “долонҳои сурх” - барои нақлиёти сабукрав ва “долонҳои сабз” - барои автобусҳо эҷод шавад.
Иқдоми зикршуда дар нишасте вобаста ба такмили фаъолияти гумрукӣ бо ширкати президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев матраҳ гардид.
Таъкид мешавад, ки ҳаҷми молҳои содиршуда дар қаламрави гумрукии Ӯзбекистон дар соли гузашта ба 1 миллиард доллар баробар шуд.
Бо назардошти густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва сайёҳӣ бо кишварҳои ҳамсоя, эҳтимол меравад ҷараёни мусофиркашонӣ бо нақлиёти сабукрав ва автобус дар сарҳад ҳадди ақал ду баробар афзоиш дода шавад.
Барои афзоиши ҳамлу нақли байналмилалӣ қарор аст, системаи ҷамъоварии пешакии маълумот дар хусуси мусофирони автобусҳо, ки ба низоми парвози ҳавоӣ монанд аст, ҷорӣ карда шавад.
Гуфта мешавад, ки бо роҳандозии иқдоми мазкур убури автобусҳо аз сарҳад бо тартиби содашуда сурат гирифта, вақти барасмиятдарорӣ ду баробар кӯтоҳ карда шавад.
Дар доираи дастгирии коршиносони Бонки ҷаҳонӣ “низоми хавфҳо” такмил дода мешавад. Ин система бо истифода аз 122 меъёр, аз ҷумла устувории молиявӣ ба роҳ монда мешавад.
Илова бар ин, тасвирҳои рентгенӣ бо ёрии зеҳни сунъӣ таҳлил карда мешаванд, ки ин имкон медиҳад молҳои хатарнок ба таври автоматикӣ ошкор карда шаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”