Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин доир ба иқтисоду тиҷорат ва ҳампаймонӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Бар асоси иттилои Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон дар суҳбати телефонии сарони ду давлат амалӣ шудани созишномаҳое, ки дар сафари рӯзи 24-уми декабр президенти Тоҷикистон ба Русия имзо шуда буд, баррасӣ гардид. Ҳарду ҷониб ҷараёни иҷрои созиномаҳо дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, энергетикӣ, амниятӣ ва иҷтимоию фарҳангиро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин, сарони ду кишвар дар ҷараёни суҳбати телефонӣ вазъ ва дурнамои равобити байнидавлатии ду кишварро, ки ба принсипҳои шарикиву ҳампаймонӣ асос ёфтааст, баррасӣ карданд.
“Сарони давлатҳо механизми муқарраршудаи ҳамкории сохторҳои дахлдори ҷонибҳоро барои ҳалли вазифаҳои гузошташуда, аз ҷумла дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ таъкид карданд” – менависад Дафтари матбуоти президанти Тоҷикистон.
Дафтари матбуоти президенти Федератсияи Русия низ аз гуфтугӯи телефонии сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия хабар дода, таъкид кардааст, ки ҳар ду ҷониб барои сатҳи баланди шарикии Русияву Тоҷикистон ва ҳампаймоӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. “Қадамҳои устуворро барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ-фарҳангӣ-гуманитарӣ ва амниятӣ баррасӣ намуданд. Кремл хабар дод, ки барои татбиқи ин иқдомҳо ба вазоратҳо ва ниҳодҳои марбутаи ҳар ду кишвар супоришҳои зарурӣ дода хоҳанд шуд. Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷадвали мулоқотҳои шахсӣ дар оянда ба мувофиқа расидаанд” - менависад Дафтари матбуоти президенти Федератсияи Русия.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”