Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Виктор Орбан: “Украина узви НАТО ва Иттиҳоди Аврупо намешавад”
Сарвазири Маҷористон дар изҳороти нави худ гуфт, ки баъди интихоботи президентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маълум шуд, ки Украина дигар узви НАТО ва Иттиҳоди Аврупо нахоҳад шуд.
Виктор Орбан рӯзи душанбе, 24-уми феврал дар нишасти парлумонии Маҷористон чунин таъкид кард: “Украина узви НАТО нахоҳад шуд: ин кишвар ҳамчунон ба унвони минтақаи номуайян байни НАТО ва Русия боқӣ хоҳад монд. Ин мавзуъ пас аз баргашти Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯшан шуд”.
Сарвазири Маҷористон таъкид кард, “ба назар мерасад, ин қарор ҳатто бидуни иштироки кишварҳои аврупоӣ гирифта хоҳад шуд”. Виктор Орбан бо ишора ба ин ки “сарнавишти Украина ва қаламраве, ки боқӣ мемонад, барои амнияти Маҷористон ҳаётӣ аст” чунин гуфт: “Як созишномаи сулҳ бояд амнияти Маҷористон ва кишварҳои аврупоиро тазмин кунад”.
Сарвазири Маҷористон Виктор Орбан аз ҷумлаи сарони кишварҳои аврупоӣ аст, ки бо Русия робитаҳои хуб дорад ва ҳамеша аз иқдомҳои президенти Украина интиқод кардааст. Вай чанде қабл гуфта буд, ки Украина ба Афғонистони Иттиҳоди Аврупо табдил хоҳад шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”