Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Саммити сарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад
Нахустин саммити сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон 31–уми март дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.
Эдил Байсалов дар ҷараёни нишасти сессияи 58-ум ва сигменти сатҳи баланди Шурои ҳуқуқи инсон дар Женева дар хусуси нахустин саммити сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон хабар дод. Сарвазири Қирғизистон гуфт, саммити мазкур як қадами муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ хоҳад буд.
Ҳафтаи қабл, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев созишномаи ниҳоии сарҳади давлатиро имзо намуданд. Бар асоси меъёри ҳуҷҷатгузорӣ созишнома доир ба аломатгузории сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон бояд аз сӯйи сарони ин ду кишвар имзо шавад.
Рӯзи 21-уми феврал Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев созишномаи муҳим ва ниҳоиро дар робита ба сарҳади давлатӣ имзо карданд:
Созишномаи марзи давлатӣ;
Созишномаҳои байниҳукуматӣ дар бораи иншооти энергетикӣ ва захираҳои об;
Созишнома дар бораи истифодаи роҳҳои байнидавлатӣ ва бунёди роҳҳои нав.
Бар асоси иттилоъ, ҳуҷҷатҳо барои имзо намудани роҳбарони ду кишвар омода шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”