27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
24.02.2025 16:32

Зеленский: “Агар Украина узви НАТО шавад, ҳозирам аз президентӣ канорагирӣ кунам”

Президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи якшанбе, 23-уми феврал дар нишасти хабарӣ таъкид кард, ки агар дар Украина сулҳ ояд ва ин кишвар узви НАТО шавад, ҳозир аст аз мақоми президентӣ канорагирӣ кунад.

Владимир Зеленский дар ин нишасти хабарӣ афзуд, ки мехоҳад Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар “ҷойгоҳи як шарик барои Украина ва чизе фаротар аз як миёнарави сода миёни Маскав ва Киев бубинад”.

Доналд Трамп барои хатми ҷанг ва барқарории сулҳ дар Украина ба Владимир Зеленский фишорҳоро афзоиш додааст. Президенти Амрико бо ҳамлаҳои шадиди лафзӣ Владимир Зеленскийро сабабгори ҷанг дар Украина низ хитоб кардааст.

Музокироти сулҳ барои поёни ҷанги Украина ва Русия ҳафтаи қабл дар Арабистони Саудӣ оғоз шуд. Тибқи иттилои расонаҳо, қарор аст ҳафтаи оянда даври дуюми музокироти сулҳи Украина оғоз шавад.

Дар раванди оғози музокирот миёни Вашингтон ва Русия ҳукумати Амрико Владимир Зеленскийро даъват накард. Дар пайи иқдомҳои ҳукумати Амрико Владимир Зеленский гуфт, ки сулҳи бидуни ҳузури ҳукумати Украинаро нахоҳад пазируфт.

Доналд Трамп аз масрафи ҳангуфти буҷаи Амрико ба ҷанги Украина нигаронӣ карда, гуфт, ки Украина бояд кумакҳоро бозпас диҳад. Доналд Трамп мехоҳад дар ивази кумакҳо ба Украина 50 фоиз аз кони маъданҳои камёби ин кишварро соҳиб шавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.