Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Авфи байналмилал: “13 319 кӯдаки фаластинӣ дар ҳамлаҳои Исроил кушта шуданд”
Созмони Авфи байналмилал дар як гузориши ҷадид эълон кард, ки дар пайи ҳамлаҳои Исроил ба минтақаи Ғазза 13319 кӯдаки фаластинӣ кушта шудаанд.
Ҳамос дар рӯзҳои ахир ҷасади ду кӯдакро ба Исроил супурд, ки дар натиҷаи ҳамлаи ғофилгирона ба Исроил асир гирифта буд. Мақомоти Ҳамос кушта шудани асирони исроилиро ба ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба минтақаи Ғазза нисбат медиҳанд.
Созмони Авфи байналмилалӣ баъди озод кардани ҷасадҳои гаравгонони исроилӣ, аз ҷумла як модару ду фарзанди хурдсолаш аз ҷониби Ҳамос ба “зарурати озодии фаврии ҳамлаи гаравгонҳои ғайринизомӣ ва фаластиниҳое, ки худсарона боздошт шудаанд, таъкид кард”.
Дар марҳилаи охирини давраи аввали табодули асирон Ҳамос рӯзи шанбе шаш гаравгони исроилиро ба Салиби Сурх таҳвил дод. Дар муқобил Исроил тааҳҳуд карда буд, ки 601 маҳбуси фаластиниро озод кунад. Аммо сарвазири Исроил Бенямин Натанёҳу озодии асирони фаластиниро барои муддати номаълум мавқуф гузошт. Дафтари сарвазири Исроил гуфтааст, ки дар пайи шикастани пай дар пайи оташбас аз ҷониби Ҳамос озодии асирони фаластинӣ мавқуф гузошта шуд.
Ҳамос баҳонаҳои сарвазири Исроилро рад карда, мегӯяд Бенямин Натанёҳу баҳонаҷӯйӣ мекунад, то як ҷанги навро оғоз кунад. Ҳамос гуфтааст, ки агар оташбаси доимӣ дар минтақаи Ғазза барқарор шавад, ҳамаи асирони исроилиро озод мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”