Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Толибон хона ба хона гашта василаҳои ороиши занонро мусодира мекунанд
Кормандони ниҳоди амр бар маъруфи гурӯҳи террористии Толибон дар як иқдоми тоза барои пайдо кардани лавозимоти ороиши занона хона ба хона мегарданд ва онро мусодира мекунанд.
Толибон иқдоми ҷустуҷӯи лавозимоти ороиши занона аз қабили кремҳо ва рангҳои лабро дар минтақаи Сари пули Афғонистон оғоз кардаанд. Тибқи дастури раҳбари Толибон, ороиши занон мамнуъ аст. Ин гурӯҳи террористӣ гуфтааст, ки ороиши занон ба воситаи василаҳои модерни ороишӣ “хилофи шариат” аст. Мақомоти Толибон гуфтаанд, ки ин иқдом дар доираи талошҳо барои “татбиқи шариати исломӣ” бар асоси назари Толибон анҷом мешавад.
Қаблан, Толибон тамоми фаъолияти корхонаҳои ҳуснро дар бозорҳои умумӣ манъ карда буданд. Бархе занони афғонистонӣ барои таъмини зиндагии худ шуғли ороишгариро дар хонаҳои худ идома медиҳанд.
Талоши хона ба хона барои кашфи лавозимоти ороиши занона кӯшише барои маҳдуд кардани фаъолияти занон аст.
Сокинони минтақаи Сари пули Афғонистон, ки аксаран тоҷикону ӯзбеконанд, гуфтаанд, Толибон бар иловаи мусодираи лавозимоти ороиш, занонро низ ба шуъбаҳои амниятӣ даъват кардаанд.
Гурӯҳи террористии Толибон баъди ба қудрат расидан низоми сахтгиронаи ҳокимиятдориро ҷорӣ кардаанд. Сахтгириҳои Толибон нисбат ба занон ҷомеаи ҷаҳониро хашмгин кардааст. Онҳо таҳсил ва корро барои занони афғонистонӣ манъ кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”