27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
24.02.2025 11:21

Қоҳир Расулзода ширкати турбинасозии Эронро барои ҳамкорӣ ба Тоҷикистон даъват кард

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзола, ки бо даъвати Эрон барои ширкат дар Ҳамоиши иқтиcодии Хазар ба ин кишвар сафар намуда буд, ба як қатор корхона ва маҷмуаҳои истеҳсолии Эрон шинос шуд.

Дар ҷараёни сафар сарвазир Қоҳир Расулзода бо корхонаи истеҳсолии ширкати “Турбинаҳои газӣ” (ТОГА) - и шаҳри Фардиси вилояти Албурзи Ҷумҳурии исломии Эрон боздид намуда, ба имкониятҳои истеҳсоли саноатии ҷамъияти “МАПНО” шинос шуд.

Ҷамъияти ширкати истеҳсолии “МАПНО” яке аз корхонаҳои бузурги истеҳсоли турбинаҳои газӣ дар Эрон аст.

Қоҳир Расулзода дар ҷараёни боздид ба мақомоти ширкат гуфт, ки Тоҷикистон ҳадаф дорад аз зарфиятҳои корхонаи МАПНО дар ҷиҳати сохтусози турбинаҳо барои неругоҳҳои барқиву обӣ ва ҳароратӣ истифода намоянд.

Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон неругоҳҳои барқӣ, обӣ ва ҳароратӣ кор мекунанд ва ширкати “МАПАНО” метавонад бо ширкаҳои тоҷикистонӣ дар ин замина ҳамкорӣ дошта бошад.

Сарвазири Тоҷикистон ба намояндагони ширкати эронӣ пешниҳод кард, ки метавонанд ба Тоҷикистон сафар намуда, дар ин замина ҳамкориҳои муштаракро оғоз намоянд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.