Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар Душанбе корхонаи муштараки шишабарорӣ месозанд
Мақомоти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тасмим гирифтаанд, ки дар шаҳри Душанбе як корхонаи бузурги муштараки шишабарорӣ таъсис диҳанд.
Дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Директори генералии корхонаи шишабарории “Кварс”-и вилояти Фарғона Акмалҷон Бӯриев масъалаи таъсиси корхонаи муштараки шишабарорӣ баррасӣ гардид.
Дар як сафари корӣ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон озими вилояти Фарғона шуда, аз раванди истеҳсоли шиша ва имкониятҳои корхонаи шишабарории “Кварс” –и ин вилоят шинос гардид. Ду тараф зимни баррасии имкониятҳо ба созиш расиданд, ки корҳои омодагиро барои татбиқи лоиҳа дар шаҳри Душанбе оғоз намоянд.
Тибқи лоиҳа корхонаи муштараки шишабарорӣ калонтарин корхона дар самти истеҳсоли шиша дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, маҳсулоти он барои таъмини ниёзҳои дохилӣ ва содирот пешинӣ шудааст.
Таъсиси корхонаи муштарак аз сӯйи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе қадамҳои устувор дар ҷиҳати тақвияти робитаҳои саноатӣ ва дӯстии ду кишвар ба шумор меравад.
Қаблан, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар хусуси татбиқи лоиҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар бахши нассоҷӣ, энергетика ва кишоварзӣ гуфтугӯ намуданда буданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”