Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Истиқлол” боз ғолиби Ҷоми ФФТ шуд
22-юми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дар доираи бозии ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 рақобат байни бошгоҳҳои “Истиқлол” ва КМВА (Клуби марказии варзишии артиш) баргузор гашт, ки дастаи «Истиқлол» ғолиб шуд.
Бошгоҳи «Истиқлол» бо ҳисоби 2:0 дастаи КМВА-ро шикаст дод ва бори ҳафтум ҷоми мазкурро соҳиб гардид. Гуфта мешавад, ки ҳардуи голи дидорро дар нимаи аввал нимҳимоятгари бошгоҳи “Истиқлол” Денис Беганович ба дарвозаи КМВА ворид кард.
Бозиндагарони “Истиқлол”, ки ғолиби Ҷоми ФФТ гардиданд, бо медалҳои тилло ва ҷоизаи пулӣ ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин, футболбозони дастаи КМВА бо медалҳои нуқта ва ҷоизаи пулӣ ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ сарфароз гардиданд.
Бояд гуфт, ки пеш аз бозии ниҳоӣ дастаҳои “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ ва “Сомон”-и Данғара барои ҷойи сеюм мубориза бурданд. Дар ин дидор дастаи “Панҷшер” бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад.
Ёдовар мешавем, ки бошгоҳи “Истиқлол”солҳои 2014, 2015, 2017, 2018, 2019 ва 2021 ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон гадида буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”