Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар Чин навъи нави каронавирус кашф шудааст
Вирусшиносони чинӣ дар Маркази тадқиқотии вирусшиносии Уҳан навъи ҷадиди каронавирусро кашф кардаанд.
Тибқи иттилои расонаҳо пажӯҳишгарони чинӣ гуфтаанд, навъи вируси нав шабеҳи КОВИД-19 аст, ки онро дар бадани куршабпаракҳо кашф кардаанд. Тибқи пажӯҳиши вирусшиносони чинӣ вируси мазкур низ мисли КОВИД-19 метавонад зуд сироят ёбад.
Пажӯҳишгарони Маркази вирусшиносии Уҳани Чин таъкид кардаанд, ки вируси нав ҳанӯз дар бадани инсонҳо дида нашуда ва фақат дар озмоишгоҳ мушоҳида шудааст.
Пас аз эълони хабари кашфи вируси нави мушобеҳ ба КОВИД-19 саҳмияҳои бархе ширкатҳоии ваксинасозӣ боло рафтааст.
Маркази вирусшиносии Уҳани Чин баъди паҳн шудани каронавирус дар ҷаҳон маъруф шуд. Бисёре аз коршиносон муассисаи вирусшиносии Уҳани Чинро маркази паҳншавии КОВИД-19 медонанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”