Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҳамлаи шадиди Трамп ба Зеленский: “Таҳаммули диданашро надорам”
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тайи се рӯзи ахир бо ҳамлаҳои шадиди лафзӣ аз президенти Украина интиқод мекунад. Рӯзи ҷумъа дар суҳбат бо “Радиои Фокснюз” –и Амрико Доналд Трамп шадидан аз Владимир Зеленский интиқод карда, аз Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия ҳимоят намуд.
“Солҳост ин мардро тамошо мекунам. Шаҳрҳояш вайрон мешавад. Мардумаш кушта мешаванд ва сарбозонаш нобуд мегарданд. Ӯ дар музокира ҳеч барге дар даст надорад ва аз ин вазъият хаста шудаам. Дигар таҳаммулашро надорам” –гуфтааст Доналд Трамп.
Доналд Трамп ба музокироти сулҳи Амрико ва Русия дар хусуси ҳалли масъалаи Украина ишора намуда, гуфт: “Фикр намекунам Зеленский нақши муҳимме дар ин музокирот дошта бошад. Ӯ се сол аст дар ҷаласаҳо ҳузур дорад ва ҳеч натиҷае нагирифтааст”.
Доналд Трамп гуфтааст, ки Владимир Зеленский бояд бо Владимир Путин дар хусуси сулҳи Украина гуфтугӯ кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”