27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
22.02.2025 09:43

Ҳавопаймоҳои Исроил ду кишварро бомбаборон карданд

Расонаҳои арабӣ гузориш медиҳанд, ки ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил чанде қабл ҳадафҳоеро дар атрофи шаҳри Ҳумси Сурия ва минтақаи Холиди Лубнон бомбаборон карданд.

Маркази ҳуқуқи башари Сурия гузориш дод, ки як ҳавопаймои ҷангии Исроил ба минтақаҳои марзии байни Сурия ва Лубнон  ҳамла кард ва гузаргоҳҳои миёни ду кишвар аз самти Холид ва Ҳумсро мавриди ҳадаф қарор дод.

Тибқи иттилои расонаҳо Исроил аз оғози соли 2025 яксилсила ҳамлаҳои ҳавоиро дар қаламрави Сурия ва Лубнон анҷом додааст. Баъди суқути ҳукумати Башор Асад Исроил махзани аслиҳаҳои ҳукумати Башор Асадро бомбаборон карда, нобуд намуд.

Дар ин муддат, маркази ҳуқуқи башари Сурия 12 ҳамлаи Исроилро мушоҳида кардааст, ки 10 –тои он ҳамлаи ҳавоӣ ва 2-тои дигараш  ҳамлаи заминӣ будааст. Ин ҳамлаҳо боиси маҷруҳ шудани шуморе аз шаҳрвандони Сурия ва нобудшавии 12 ҳадаф, аз ҷумла анборҳои аслиҳа ва муҳимот, қароргоҳҳо, марказҳо ва мошинҳо шудаанд.

Исроил бо Лубнон оташбас кард, вале ҳанӯз ҳам дар бархе аз минтақаҳои ин кишвар ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом медиҳад. Як қисми неруҳои низомии Исроил ҳанӯз дар хоки Лубнон қарор доранд. Ҳукумати нави Лубнон борҳо хостори тарки неруҳои исроилӣ шудааст. Чанде қабл президенти Лубнон гуфта буд, ки ҳузури низомиёни Исроил дар хоки Лубнон ба маънии ишғол аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.