Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сергей Лавров: “Душаҳрвандӣ ба манфиати шаҳрвандони Тоҷикистон посухгӯ аст”
Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия дар ҷаласаи ҳукумат дар Думаи давлатӣ гуфт, ки созишномаи душаҳрвандӣ миёни Русия ва Тоҷикистон муфид аст ва манфиатҳои шаҳрвандони ҳарду кишварро бароварда месозад.
Сергей Лавров таъкид кард, ки созишномаи амалкунанда муфиду баробарҳуқуқ аст ва ба манифати шаҳрвандони Тоҷикистон посухгӯ мебошад. Ӯ афзуд: “Албатта, шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бештар мебошанд, вале манифатҳои шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд низ, дар назар гирифта мешавад, зеро ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони мо муҳим аст”.
Сергей Лавров ба санаи таърихии имзои санади созишномаи душаҳрвандӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ишора карда, таъкид намуд, ки созишномаи зикршуда дар даврони хотимаёбии Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар соли 1996 ба имзо расид ва то ба имрӯз нақши муҳимму муфидро дар таҳкими робитаҳои дуҷониба иҷро мекунад. Сергей Лавров ба як банди созишнома оид ба хизмати довталабона дар артиш ишора намуда, таъкид кард, ки ин тасими дутарафа мебошад.
“Ҳарчанд шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон хеле каманд, онҳо ба монанди шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия аз шароити яксон бархӯрдоранд” – гуфт Сергей Лавров.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”