Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Андозсупории блогерон дар кишварҳои ҷаҳон чӣ гуна аст?
Имрӯз дар ҷаҳон дар бархе кишварҳо кори блогерӣ ба сарчашмаи асосии даромад табил шудааст. Блогерон дар аксари кишварҳои ҷаҳон аз ҳисоби даромад андоз месупоранд. Дар қонунҳои аксари кишварҳо меъёре пешбинӣ шудааст, ки дар сурати насупоридани андоз блогерон ҷарима ва ё ҷазо мебинанд. Мо дар ин ҷо, ба таҳқиқи кишварҳое мепардозем, ки фаъолияти блогерӣ дар он ҷо даромади зиёд дорад ва ҳамчунин, блогерон андози зиёд месупоранд.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тамоми даромаде, ки блогерон ба даст меоранд, навобаста аз ин ки ин кор фаъолияти асосӣ ё дуюмдараҷа аст, андозбандӣ мешаванд. Талаботи мазкурро идораи андози Амрико назорат мекунад.
Блогерҳо аз сарчашмаҳои мухталиф, аз ҷумла пайвандҳои шарикон, таблиғот, сарпарастӣ, фурӯши маҳсулоти рақамӣ ва ғайра даромад ба даст меоранд. Онҳо бояд аз ҳамаи ин даромадҳо андоз супоранд.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низоми андозсупории прогрессивӣ дорад, ки мувофиқи он сатҳи андоз бо зиёд шудани даромад боло меравад. Бар асоси маълумоти идораи андози Амрико андоз аз даромад аз 10% то 37% муқаррар шудааст.
Илова бар ин, блогероне, ки чун соҳибкори инфиродӣ сабти ном шудаанд, бояд аз фаъолияти худ 15,3% андоз супоранд. Ин миқдор 12,4 % барои суғурати иҷтимоӣ ва 2,9% барои барномаи суғуртаи тиббӣ мебошад.
Дар ин кишвар блогерон ҳамчунин, метавонанд хароҷоти вобаста ба фаъолияти худро аз даромади андозбандишуда кам кунанд. Инҳо метавонанд пардохтҳо барои хидматҳои тарроҳии графикӣ, маркетинг, реклама ва таҷҳизоти кориро дар бар гиранд.
Дар Иёлоти Муттаҳиди Амрико шарти маъмулии бақайдгирии блогерҳо чунин аст:
Соҳибкори инфиродӣ, шарикӣ ва ширкати масъулияташ маҳдуд.
Британияи Кабир
Дар ин кишвар низ бояд блогерон андоз супоранд. Ҳар шахсе, ки даромадаш аз 12,570 евро бештар аст, бояд андоз аз даромад супорад. Меъёрҳои андозсупорӣ дар Британияи Кабир чунин аст:
20% барои даромад аз 12,571 евро то 50,270 евро;
40% - барои даромад аз 50,271 евро то 125,140 евро;
45% - барои даромад аз 125,141 евро боло.
Ҷумҳурии халқии Чин
Дар Ҷумҳурии халқии Чин низ блогерон ба андозсупории шадид рӯ ба рӯ мешаванд. Масалан, инфленсери маъруфи чинӣ Пан Юрун дар соли 2023 13 миллион доллар андоз пардохт кардааст.
Дар Чин меъёри андоз аз даромад аз 3% то 45% фарқ мекунад. Барои мисол, блогери машҳур Хуан Вэй барои насупоридани андоз ба маблағи 210 миллион доллар ҷарима шуд ва саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баста гардид.
Федератсияи Русия
Дар Федератсияи Русия низ андозсупории блогерон аз шеваи сабти номашон вобаста аст. Агар блогер даромади то 2, 4 миллион рубл дошта бошад, метавонад худро ҳамчун соҳибкори инфиродӣ номнавис намуда, 4-6% андоз супорад.
Барои соҳибкорони инфродӣ андоз нисбат ба низоми андозсупорӣ чунин аст:
Системаи содакардашуда – 1-15 %, системаи умумӣ - 13 -15 то 20%
Яке аз маъруфтарин парвандаҳои андоз дар Русия парвандаи блогер Елена Блиновская мебошад. Нисбати ӯ барои саркашӣ аз пардохти 900 миллион рубл андоз парванда боз карданд.
Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон низ чанд сол қабл муқаррароти қонун барои пардохти андоз аз фаъолияти блогерӣ тартиб дода шуд. Баъди он блогероне, ки ба фаъолияти блогерӣ машғуланд, андоз месупоранд. Як нуқта қобили таъкид аст, ки даромади блогерони сигменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ нисбат ба дигар кишварҳо хеле кам аст. Баъди баста шудани шабакаи ЮТУБ дар Русия даромади блогерон боз ҳам коҳиш ёфт. Кумитаи андози Тоҷикистон баъзан рӯйхати онҳоеро нашр мекунад, ки дар вақти муайян андоз намесупоранд. Барои насупоридани андоз дар Тоҷикистон ҷарима ва ҳатто ҷазо пешбинӣ шудааст.
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”