Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Эрон, Миср, Исроил ва Марокаш ба харидани гандуми Қазоқистон мароқ зоҳир кардаанд
Мақомоти қазоқистонӣ дар талоши онанд, ки роҳҳои алтернативии содироти гандуми Қазоқистонро ҷустуҷӯ кунанд. Роҳбарияти Вазорати кишоварзии Қазоқистон гуфтааст, ки бархе кишварҳо, аз ҷумла Эрон ва Миср ба ворид намудани гандум аз Қазоқистон таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.
Ермек Кенжеханули, муовини вазири кишоварзии Қазоқистон масъалаи лағви маҳдудиятҳо оиди транзити гандуми Қазоқистон ба воситаи Русияро шарҳ дода, таъкид кард, ки роҳҳои алтернативиро пайдо хоҳанд кард.
Бар асоси иттилои муовини вазири кишоварзии Қазоқистон маҳдудияти муваққатии содироти гандум ба Русия аз 17-уми октябри соли 2024 ҷорӣ шуд ва дар аввали моҳи феврали соли 2025 бардошта гардид.
“Имрӯз мо фаъолона роҳҳои нави фурӯши гандумро меҷӯем” – таъкид кард Ермек Кенжеханулӣ.
Дар идома муовини вазири кишоварзии Қазоқистон аз афзоиши ҳаҷми содироти гандум хабар дод. Гуфта шуд, ки дар соли 2024 Қазоқистон 8, 1 миллион тонна гандум содирот кардааст.
“Мо ба наздикӣ ба Эрон сафар кардем ва бо харидорони эҳтимолӣ мулоқот намудем. Ғайр аз ин, ба гандуми мо Миср, Исроил ва Марокаш низ таваҷҷуҳ доранд” зикр кард Ермек Кенжеханулӣ.
Муовини вазири кишоварзии Қазоқистон Ермек Кенжеханулӣ ҳосили тахминии истеҳсоди гандум дар соли 2025 –ро пешбинӣ намуда, чунин таъкид кард: “Соли гузашта мо тақрибан 18 миллион тонна гандум ҷамъоварӣ кардем. Агар ҳамаи зироатҳои ғалладонаро ҳисоб кунем, ҳаҷми умумӣ тақрибан 25 миллион тонна буд. Мо интизор дорем, ки содироти соли ҷорӣ 10-12 миллион тонна хоҳад шуд”.
Қаблан, Федератсияи Русия воридоти гандум ва маҳсулоти карантиниро аз Қазоқистон манъ карда буд, ки ҳоло ин маҳдудият лағв шудааст.
Мақомоти расмии Қазоқистон гуфта буданд, ки ният доранд гардиши мол бо Эронро то ба 3 миллиард доллар дар як сол афзоиш диҳанд. Онҳо таъкид карда буданд, ки Қазоқистон омода аст, 60 намуди маҳсулот, аз ҷумла ғалла, равғани офтобпараст, маҳсулоти гӯштӣ ва дигар молҳоро ба Эрон содир намояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”