Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Нишасти сарони Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Тошканд баргузор мегардад
Расонаҳои ӯзбекистонӣ хабар медиҳанд, ки нишасти Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ рӯзҳои 3 ва 4 –уми моҳи апрели соли равон дар шаҳри Тошканд баргузор хоҳад шуд.
Тибқи иттилоъ, дар ин нишаст Кошта Антониу, раиси Шурои Аврупо, Урсула фон дер Ляйен, раиси Комиссияи Аврупо, ҳамчунин, сарони кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон ширкат хоҳанд кард.
Дар нишасти зикршуда сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо масъалаи ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт, иқтисод ва амниятро баррасӣ хоҳанд кард.
Як нашрияи ӯзбекистонӣ таъкид кардааст, ки вобаста ба вазъияти мураккаби ҷаҳонӣ, бахусус ҷанги Украина ва таҳдидҳои амниятӣ аз Афғонистон «равобит миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ бештар хусусияти стратегӣ касб кардааст».
Ин дар ҳолест, ки чанде қабл намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе доир ба вазъияти амниятии Афғонистон нишаст баргузор карда буданд.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон он замон гуфта буд, ки ҷонибҳо дар мавриди вазъияти ҳуқуқи инсон, хусусан ҳуқуқи занон ва духтарон дар Афғонистон, инчунин, таҳдидҳои амниятӣ гуфтугӯ намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”