Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Имсол сокинони Тоҷикистон 15 рӯз истироҳат мекунанд
Сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол дар моҳи март ва дар арафаи Наврӯз 15 рӯз истироҳат хоҳанд кард. Дар ин хусус, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Таъқид шудааст, ки имсол бо ба назар гирифтани ҷашнҳо, аз ҷумла “Рӯзи мадар”, “Ҷашни Наврӯз” ва ҳисоб намудани рӯзҳои ғайрикорӣ сикинон 15 рӯз истироҳат хоҳанд кард.
Бар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” дар сурати ба рӯзҳои истироҳат рост омадани ҷашнҳои расмии давлатӣ рӯзҳои корӣ низ истироҳат эълон карда мешавад.
Бо ин далел, Рӯзи модар ба рӯзи ғайрикорӣ, шанбе рост меояд. Ба ин тартиб рӯзҳои 8, 9, 10-уми март низ рӯзҳои истироҳатӣ мебошад.
Имсол 4 рӯз ҳамчун рӯзҳои истироҳатии иди Наврӯз эълон шудааст. Ҳамин тариқ, рӯзҳои 21, 22, 23 ва 24-уми март рӯзҳои истироҳатии наврӯзӣ ба ҳисоб меравад. Ба далели ин ки 22-23 ба рӯзҳои шанбе ва якшанбе рост меояд, рӯзҳои 25 ва 26-уми март низ рӯзҳои истироҳатӣ эълон шуд.
Ҳамин тариқ, боназардошти рост омадани баъзе рӯзҳои ҷашни расмӣ ба рӯзҳои корӣ, рӯзҳои 1,2, 8, 10, 15, 16, 21, 22, 23, 24, 25, 26, 29, 30-уми март рӯзҳои истироҳатӣ ба ҳисоб мераванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”