Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Шавкат Раҳмонов боз барои камарбанд намеҷангад. UFC ба ҷойи ӯ дигареро пешбарӣ кард
Ташкилоти UFC расман муҳорибаи асосии мусобиқаи UFC 315-ро эълон кард, аммо тавре интизор мерафт варзишгари қазоқистонӣ Шавкат Раҳмонов дар он иширок намекунад.
UFC хабар дод, ки дар муҳорибаи асосии мусобиқаи UFC 315 барои камарбанди вазни ниммиёна чемпиони ин вазн размкори амрикоӣ Билол Муҳаммад бо варзишгари австралӣ Делла Мадделена ба майдон мебарояд.
Аксари ҳаводорони ин навъи варзиш интизор буданд, ки барои камарбанди чемпионӣ дар ин вазни маҳз размкори қазоқистонӣ Шавкат Раҳмонов меҷангад, зеро ӯ номзади асосӣ буд, аммо ташкилоти UFC дар ин бора чизе нагуфтааст.
Худи Шавкат Раҳмонов бошад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин навиштааст: “Ташаккур ба UFC барои чунин имконият, аммо ман дар моҳи май бо сабаби ҷароҳат доштан ба майдон баромада наметавонам. Интизор мешавам ва бовар дорам, ки давоми соли равон бо ғолиби муҳорибаи мазкур барои камарбанди чемпионӣ меранҷам”.
Ёдовар мешавем, ки Шавкат Раҳмонов бо Билол Муҳаммад бояд моҳи декабри соли 2024 вориди майдон мешуданд, аммо бо сабаби ҷароҳат бардоштани чемпион ин муҳориба доир нагашт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”