27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:25, Душанбе
20.02.2025 10:55

Коршиноси олмонӣ: “Трамп ба дунболи манфиати максималӣ аст”

Оғози нахустин даври гуфтугӯҳо барои сулҳи Украина ва бозбинии равобит миёни Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар расонаҳои дунё фирку андеша ва таҳлилҳои мухталиферо ба вуҷуд овардааст.

Қисме бо чашми умед ба раванди оғози сулҳи Украина менигаранд. Гурӯҳи дигар аз он нигаронанд, ки канор гузоштани бозингарони асосии ин ҷанг боиси шикасти созишҳо ё тафовуқоти ҳосилшуда мегардад.

Дар робита ба ҳадсу гумонзаниҳо хабаргузории давлатии Русия – “РИА Новости” бо коршиноси соҳаи стратегӣ ва расонаҳо – Мирко Колунҷич суҳбат анҷом додааст.

Коршиноси олмонӣ Мирко Колунҷич дар ин суҳбат таъкид мекунад, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мизи музокирот талош хоҳад кард, ки манфиатҳои максималиро барои кишвараш ба даст оварад.

Мирко Колунҷич таъкид кардааст, ки Трамп ва ҳайти ҳукуматаш вазъиятро хуб дарк намудаанд. Ба таъкиди ӯ, ин нукта чизест, ки ҳукуматҳои қаблӣ аз он маҳрум буданд.

“Фаҳмиши амиқи вазъият, донишу огоҳӣ, омода будан ба гӯш кардани ҷонибҳо. Трамп фаҳмид, ки Русия дар сиёсати ҷаҳонӣ нақши калидӣ дорад ва бидуни он ҳаллу фасли низоъҳои глобалӣ, ба вижа низоъи Украина ва ё амалӣ кардани лоиҳаҳои иқтисодӣ ғайримумкин аст” – таъкид мекунад коршиноси олмонӣ Мирко Колунҷич.

Ин коршинос меафзояд, ки агар ба Шарқи Наздик, Осиё, БРИКС, Чин, Тайван ва ё Африқо нигоҳ кунем, ба рӯшанӣ дида мешавад, ки Русия дар ҳама ҷо нақши калидӣ дорад.

“Аз ин рӯ, барои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мантиқӣ аст, ки муносибатҳояшро бо Маскав бар асоси гуфтугӯи бомувозинат созмон диҳад”- афзуд Мирко Колунҷич.

Мирко Колунҷич дар идома бо таъкид бар ин нукта, ки Трамп ба Русия бо назари прагматикӣ бархӯрд мекунад, афзуд “ин чизест, ки дар ҳукуматҳои қаблии Амрико мушоҳида намешуд”

“Трамп як музокиракунандаи ботаҷриба аст ва кӯшиш хоҳад кард, ки аз музокираҳои оянда барои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳадди аксари манфиатро ба даст орад” – таъкид мекунад коршиносӣ олмонӣ.

Дар идомаи суҳбат ӯ меафзояд, оғози раванди гуфтугӯҳо фурсати муносиб барои Русия аст, ки мавқеи ҷаҳонии худро устувор кунад.

“Ҳоло барои Русия муҳим аст, ки на танҳо ба ҳодисаҳо вокуниш нишон диҳад, балки бояд манфиатҳои худро дар арсаи ҷаҳонӣ фаъолона пеш барад. Русия бояд бештар бо қарори қавӣ ва шаффоф дар равандҳои ҷаҳонӣ шомил шавад”- мегӯяд Мирко Колунҷич.

Изҳори назари коршиноси олмонӣ дар бораи ояндаи музокироти Русия ва Амрико дар ҳоле садо медиҳад, ки пас аз оғози гуфтугӯҳои Риёз бархе кишварҳои аврупоӣ ва бахусус Украина нигаронии худро баён кардаанд. Онҳо гуфтаанд, ки Амрико талош дорад, Украина ва Иттиҳоди Аврупоро аз музокирот канор гузорад.

Пас аз баёни чунин нигарониҳо вазири корҳои хориҷии Амрико Марко Рубио иттилоъ дод, ки муттаҳидони Амрико аз раванди сулҳ канор гузошта нахоҳанд шуд.

Юрий Ушаков, мушовири бахши сиёсати хориҷии Владимир Путин дар суҳбат бо “Шабакаи якум” таъкид кард, ки Русия ва Амрико барои ташкил намудани як гурӯҳи корӣ ба созиш расиданд. Тибқи гуфтаи ӯ, гурӯҳи кории Маскав ва Вашингтон гуфтугӯҳои минбаъдаро пеш хоҳанд бурд. Мушовири бахши сиёсати хориҷии Русия дар суҳбат бо телевизиони “Шабакаи якум”-и Русия иттилоъ дод, ки Амрико Кит Келлогг - фиристодаи махсуси Трамп дар умури Украинаро роҳбари гурӯҳи музокиракунанда таъйин кардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.