Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Путин: “Русия ҳеч гоҳ аз музокира бо Украина худдорӣ накардааст”
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба оғози гуфтугӯҳои сулҳи Украина вокуниш нишон дод ва гуфт, ки Русия ҳеч гоҳ аз музокира бо Украина худдорӣ накардааст.
Владимир Путин рӯзи чоршанбе, 19-уми феврали соли ҷорӣ дар суханронии худ гуфт: “Натиҷаҳои музокироти Риёзро мусбат арзёбӣ мекунам”. Ӯ таъкид кард, ки тибқи гузоришҳо музокироти Риёз дӯстона буд.
“Ҳайати Русия гуфтааст, ки намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар музокироти Риёз барои ҳамкории муштарак омода буданд. Бидуни афзоиши сатҳи эътимод, ҳаллу фасли бисёре аз масъалаҳо, аз ҷумла буҳрони Украина ғайримумкин аст. Ҳадаф ва мавзӯи мавриди баҳс дар нишасти Риёз боз гардонидани эътимод миёни Русия ва Амрико буд. Русия дар корҳои Аврупо ва Амрико дахолат намекунад”- гуфт Владимир Путин.
Президенти Федератсияи Русия таъкид кардааст, ки кишвараш аввалин қадамҳоро барои азсаргирии ҳамкорӣ бо Амрико дар ҳамаи соҳаҳо гузоштааст.
Владимир Путин бо таъкиди ин нукта, ки Русия шарикони худ дар БРИКС-ро аз натиҷаҳои сулҳи Украина огоҳ мекунад, чунин гуфтааст: “Аз дидор бо Трамп хушҳол мешавам, аммо ин дидор ниёзманди омодагиҳои лозим аст. Русия ҳаргиз аз музокира дар мавриди Украина худдорӣ накардааст. Тимҳои Русия ва Амрико бояд барои дастёбӣ ба роҳи ҳалҳои қобили қабул дар мавриди масъалаҳои мухталиф омода шаванд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”