Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Озмуни «Муаллими сол»-ро Вазорати фарҳанг ҷамъбаст кард
Озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими сол» байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида буд, ҷамъбаст шуд.
Бинобар иттилои АМИТ Ховар, дар озмун миёни муассисаҳои олии касбӣ омӯзгори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Зафар Шариф сазоворӣ ҷойи якум шуд. Ғолибони ҳамин мақом миёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус омӯзгори Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев, Абдусалом Орипов ва байни муассисаҳои миёнаи касбӣ омӯзгори Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов, Лутфуллои Раҳматулло сазовори ҷойи якум ва мукофотпулӣ гардиданд.
Гуфта мешавад, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими сол» бо мақсади баланд бардоштани мақоми таҳсили касбӣ дар шароити имрӯза ва нишон додани афзалияти он дар пешрафти ҷомеа мебошад.
Ҳамчунин, дар маросими мазкур иштирокчиёни озмуну фестивалҳои байналмилалӣ, ҳунарпешагон, гурӯҳҳои ҳунарӣ ва муассисаҳое, ки давоми соли 2024 фаъолияти назаррас доштанд, ҳавсманд гардонида шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”