Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Кремл санаи эҳтимолии мулоқоти Путин ва Трампро эълон кард
Сухангӯи президенти Федератсияи Русия Дмитрий Песков эълон кард, ки мулоқоти Владимир Путин ва Доналд Трамп “имкон дорад то охири моҳи феврал” баргузор шавад.
Дмитрий Песков ин изҳороти худро баъди мулоқоти вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров ва вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Марко Рубио дар шаҳри Риёз баён кард.
Қобили зикр аст, ки рӯзи сешанбе Сергей Лавров ва Марко Рубио дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ наздики 5 соат доир ба ҳамкориҳои дуҷониба ва поён додан ба ҷанги Украина суҳбат намуданд. Ҳар ду тараф тасмим гирифтанд, ки барои пеш бурдани музокироти сулҳ гурӯҳи корӣ ташкил диҳанд.
Дмитрий Песков рӯзи чоршанбе ба суоли хабарнигорон дар хусуси мулоқоти президентҳои ду кишвар гуфт “эҳтимол дорад то охири феврал” баргузор шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”