Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Имангалӣ Тасмагамбетов “СААД бо иқтидори худ ба таҳдидҳои муосир вокуниш нишон медиҳад”
Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) Имангалӣ Тасмагамбетов бо як қатор мақомоти олии Қирғизистон мулоқот намуда, оид ба дурнамо ва барномаҳои созмони мазкур гуфтугӯ кардааст.
Имангалӣ Тасмагамбетов, дабири кулли СААД дар мусоҳиба бо хабаргузории давлатии “Кабар”-и Қирғизистон аз ҳамкории муштараки кишварҳои узв ва мубориза бо терроризму қочоқи маводи мухаддир ёдовар шуда, таъкид кардааст, муҳимтарин самти фаъолияти Созмон таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аст. Ӯ таъкид кардааст, ки барномаи таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз соли 2025 оғоз шуда, дар соли 2030 ба анҷом хоҳар расид.
Дар зер мо муҳимтарин таҳлилҳои дабири кулли СААД Имангалӣ Тасмагамбетовро, ки дар мусоҳиба бо хабаргузории “Кабар” тазаккур додааст, зикр мекунем.
Авлавиятҳои раёсати Қиғизистон дар СААД
Имангалӣ Тасмагамбетов гуфт, ки Қирғизистон дар оғози раёсати худ дар СААД рӯйхати васеи авлавияти ҳамкориҳоро тартиб додааст. Ба гуфтаи ӯ, Қирғизистон ҳадафи муттаҳидсозии кишварҳои узви Созмонро дорад ва мехоҳад ҳамкориҳои сиёсиро дар дохили он ва бо шарикони хориҷ аз он таҳким бахшад. Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти мураккаби ҷаҳон Қирғизистон тасмим гирифтааст, ки самти низомии СААД-ро тақвият бахшад, машқҳои ҳарбиро зиёд кунад ва ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодиро густариш диҳад.
Саҳми рушдёбандаи неруҳои посдори сулҳи СААД
Имангалӣ Тасмагамбетов, дабири кулли СААД таъкид кард, ки Созмон ба рушди иқтидори сулҳофарии худ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад. Айни ҳол шумораи Неруҳои посдори сулҳи СААД 3700 нафар низомиро фаро мегирад.
Дар соли 2024 машқҳои стратегӣ ва омӯзишҳои муштараки неруҳои посдори сулҳи СААД дар Қазоқистон баргузор шуданд. Дар соли 2025 нақшаи таъмин кардани ин неруҳо бо силоҳ ва таҷҳизоти муосир, инчунин, беҳтар кардани ҳамкории онҳо дар назар аст.
Имангалӣ Тасмагамбетов инчунин, гуфт, ки ҳамкории СААД бо Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаҳои сулҳофарӣ муҳим аст, вале ин кор ниёз ба мувофиқатномаҳои ҳуқуқӣ дорад.
Мубориза бар зидди таҳдидҳои муосир тақвият мешавад
СААД нақша дорад, ки муборизаро бар зидди қочоқи маводи мухаддир, хатарҳои биологӣ ва ҳолатҳои фавқулода тақвият бахшад. Ҳамзамон, пешгирӣ намудани истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ба мақсадҳои террористӣ ва экстремистӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад.
Қирғизистон ташаббуси баргузор кардани Конфронси байналмилалӣ оид ба амнияти кибернетикиро пешниҳод кардааст, ки яке аз самтҳои умедбахши ҳамкориҳо дар доираи СААД мебошад.
Таҳкими амнияти Осиёи Марказӣ
Имангалӣ Тасмагамбетов гуфт, ки минтақаи Осиёи Марказӣ барои СААД аҳамияти стратегӣ дорад. Дар ин минтақа гурӯҳи махсуси муташаккили неруҳои вокуниши фаврии СААД фаъолият мекунанд, ки мунтазам машқҳои ҳарбӣ мегузаронанд. СААД инчунин, ба амнияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Дар соли 2024 барномаи нави панҷсолаи таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон қабул гардид, ки аз соли 2025 то 2030 татбиқ хоҳад шуд.
Ҳамкории СААД бо ИДМ ва СҲШ
Дабири кулли СААД Имангалӣ Тасмагамбетов гуфт, ки ин созмон ҳамкории зичро бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай идома медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, ин се созмон ҳадафи умумии таъмини сулҳ ва амнияти устуворро дар Аруосиё пайгирӣ мекунанд. Ба ҷуз аз ин, СААД бо марказҳои илмӣ-таҳлилӣ ҳамкорӣ мекунад, то таҳлилҳои дақиқ ва пешгӯиҳои стратегӣ барои беҳтар кардани сиёсат ва амнияти кишварҳои узвро таҳия намояд.
Хулоса
Имангалӣ Тасмагамбетов таъкид намуд, ки СААД дар шароити ҷаҳонии мураккаб талош дорад, ки иқтидори амниятии худро тақвият диҳад ва ба таҳдидҳои муосир вокуниш нишон диҳад. Ӯ ҳамкории густурдаи Созмон бо кишварҳои узв ва дигар созмонҳои байналмилалиро калиди ҳалли мушкилоти амниятӣ ва таҳкими сулҳ дар минтақа арзёбӣ кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”