Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикаро баррасӣ карданд
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Аббос Алиободӣ, вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот намуд. Дар мулоқот вазирони ду кишвар ба масъалаи таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика таъкид намуданд.
Ду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки лоиҳаҳои дуҷонибаро татбиқ намоянд ва барои таҳким додани ҳамкориҳои энергетикӣ иқдомҳои мушаххас анҷом диҳанд.
Далер Ҷумъа ва Аббос Алиободӣ ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон дар заминаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ мебошанд. Вобаста ба ин, вазирон таъкид карданд, ки дар ҷаласаи навбатии муштарак, ки дар Эрон баргузор мешавад, густариши муносибатҳои дуҷонибаро пайгирӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Эрон ва Тоҷикистон дар соҳаи энергетика таҷрибаҳои зиёди ҳамкорӣ доранд. Сохта ва ба истифода додани неругоҳи обӣ-барқии Сангтуда-2 яке аз лоиҳаҳои муваффақи муштарак миёни ду кишвар аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”