Конфронси байналмилалии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Борбади Марвазӣ баргузор мешавад
Оғози намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар Париж
Бузургдошти Сино ва Хайём. Бо ташаббуси Тоҷикистон дар ЮНЕСКО чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ баргузор мегардад
Вазирони фарҳанги Тоҷикистону Ҳиндустон рушди ҳамкориҳоро миёни ду давлат баррасӣ карданд
Нахустин ошхонаи миллии Ӯзбекистон дар шаҳри Макка ифтитоҳ шуд
Ошхонаи миллии Ӯзбекистон бо дастгирии Cафорати ин кишвар дар Арабистони Саудӣ дар шаҳри Макка ифтитоҳ гардидааст.
Расонаҳо менависанд, ки рӯзи душанбе, 17-уми фаврали соли 2025 дар майдони шарифи “Масҷид Ал-Ҳаром” аввалин ошхонаи ғизоҳои миллии Ӯзбекистон ба кор оғоз кард. Гуфта мешавад, ки ин ошхона дар як баст метавонад ба 450 муштарӣ хизматрасонӣ пешниҳод кунад.
Соҳибони ошхонаи миллии ӯзбекӣ мегӯянд, ки ҳадаф аз ифтитоҳи он расондани хизмати хуб ба ҳоҷиёни ҷаҳон ва ҳамчунин, муаррифии фарҳанги миллии ғизотаёркунии Ӯзбекистон мебошад. Онҳо таъкид кардаанд, ки ошхонаи ғизоҳои миллии Ӯзбекистон ҳамчун пули иртиботӣ барои тамоми ҳоҷиёни ҷаҳон хизмат хоҳад кард.
Ошхонаи ғизоҳои миллии Ӯзбекистон дар ошёнаи 3-юми маҷмуаи “The Clock Tower” дар беҳтарин ҷойи Макка қарор дорад.
Дар рӯйхати ғизоҳое, ки дар ин ошхона ба мизоҷон пешниҳод мегардад, палав, самбуса, шӯрбо, манту ва дигар ғизоҳоии анъанавии мардуми Осиёи Марказӣ зикр шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад