Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Пизишкиён хостори иҷрои тафоҳумномаҳои имзошуда миёни Эрон ва Тоҷикистон шуд
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён субҳи сешанбе, 18-уми феврал дар ҳошияи Ҳамоиши иқтисодии Хазар бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дидор намуда, таъкид кард, ки муштаракоти фарҳангӣ ва таърихии Эрону Тоҷикистон василаи муносиб барои тақвияти робитаҳои дутараф мебошад.
Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён бо ишора ба санад ва тафоҳумномаҳои имзошуда миёни ду кишвар таъкид кард, ки бояд он дар амал иҷро шавад.
“Ду кишвар – Эрон ва Тоҷикистон дорои муштаракоти фарҳангӣ ва таърихии зиёде ҳастанд, ки заминаи муносиб барои амиқтар намудани робитаҳо дар бахшҳои фарҳангӣ, ҳунарӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва саноатӣ мебошад” – таъкид кард Масъуд Пизишкиён.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидор бо сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бекор шудани низоми раводид миёни ду кишвар ишора карда, афзуд: “Ин иқдом боиси густариши робитаҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар ва осон кардани сафарҳои сайёҳӣ аз Эрон ба Тоҷикистон хоҳад шуд”.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидор бо Масъуд Пизишкиён аз меҳмоннавозии ҳукумати Эрон сипосгузорӣ намуда, таъкид кард: “Сафари шумо ба кишвари мо боиси хурсандии ҳукумат ва миллати тоҷик гардид ва як таҳаввул дар робитаҳои миёни ду кишвар ба вуҷуд омад. Мо қатъиян ҷонибдори амалӣ шудани санад ва тафоҳумномаҳои имзошудаи миёни ду кишвар ҳастем”.
Ёдовар мешавем, ки сарвазири Тоҷикистон барои иштирок дар Ҳамоиши иқтисодии Хазар вориди Эрон шуда, бо мақомоти олии ин кишвар суҳбат ва музокирот анҷом дод. Ҳамчунин, Қоҳир Расулзода дар Ҳамоиши иқтисодии Хазар ба унвони меҳмони вижа ширкат ва суханронӣ намуд.
Тибқи иттилои расонаҳои эронӣ сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо баъзе аз вазирони ҳукумати Эрон дидор ва доир ба густариши муносибат ва ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ намуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”