Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сергей Лавров: “Гуфтугӯ муфид буд. Амрико акнун дарки беҳтаре аз мавқеи Русия пайдо кардааст”
Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия пас аз анҷоми музокирот бо Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар нишасти хабарӣ таъкид кард, ки музокира бо Вашингтон муфид буд ва мо назари якдигарро шунидем.
Музокироти Русия ва Амрико рӯзи сешанбе, 18-уми феврали соли 2025 дар қасри Ад-Диръияи шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор гардид. Сергей Лавров аз мизбонӣ ва талошҳои ҳукумати Арабистони Саудӣ сипосгузорӣ намуд.
Баъди анҷоми музокирот Сергей Лавров гуфт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико акнун дарки беҳтаре аз мавқеи Русия пайдо кардааст.
Сергей Лавров таъкид кард, ки машваратҳои даврӣ дар бораи Украина миёни Маскав ва Вашингтон баргузор хоҳад шуд.
Дар хусуси эҳтимоли дидори Владимир Путин ва Доналд Трамп афзуд, ки “Мо кӯшиш хоҳем кард, то шароити заруриро барои баргузории мулоқоти Путин ва Трамп фароҳам созем”.
Нишасти Риёз баъди суҳбати телефонии ҳафтаи гузаштаи Владимир Путин ва Доналд Трамп баргузор гашт. Дар ин музокирот ду ҷониб оид ба масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳалли муноқишаи Украина суҳбат намуданд.
Расонаҳо менависанд, мулоқоти ҳайатҳои русӣ ва амрикоӣ панҷ соат тӯл кашид, ки ин нахустин гуфтугӯи мустақими ду кишвар дар се соли ахир аст.
Дар нишаст ду тараф созиш намуданд, ки ҳайатҳои баландпояро барои пуштибонии сулҳ ва баррасии имкониятҳои иқтисодии баъди ҷанг таъсис диҳанд.
Ин дар ҳолест, ки ҳузур надоштани мақомоти украинӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар ҷараёни музокироти мустақими Русия ва Амрико мавриди интиқоди шадид қарор гирифт.
Баъди ин музокирот Владимир Зеленский гуфт, натиҷаҳоеро, ки бидуни ҳузури Украина ба даст меоянд, қабул нахоҳад кард.
Доналд Трамп баргузор шудани музокироти Риёзро “бисёр хуб” арзбёӣ намуда, гуфт, ки ҳоли дидор ва гуфтугӯ бо Владимир Путин аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”