27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
18.02.2025 18:13

Чашмакии 300 миллиардолларии Путин ба Трамп

Мавқеи Федератсияи Русия қабл аз оғози музокирот ин аст, ки Доналд Трамп ҳалкунундаи бисёре аз мушкилот ва масъала мебошад.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дар Риёз ҳамакнун дар ҳоли музокира бо мақомҳои аршади амрикоӣ, аз ҷумла Марко Рубио, вазири корҳои хориҷаи Амрико аст. Ин гуфтугӯҳо бо ҳадафи поён додан ба ҷанги Украина ва бозсозии “маҷмуаи комил”-и  робитаҳои Русия ва Амрико баргузор мешавад. Вазири корҳои хориҷа ва дигар мақомоти Арабистони Саудӣ ҳам дар он иштирок доранд.

Арзёбии Русия аз Трамп

Кирилл Дмитриев, директори генералии Хазинаи сармоягузории мустақими Русия рӯзи сешанбе дар мавриди ин музокира хушбинии худро баён намуда, чунин таъкид сохт: “Мо воқеан бовар дорем, ки президент Трамп ва тими ӯ ҳалкунандаи мушкилот ва масъалаҳо ҳастанд...”

Кирилл Дмитриев, ки таҳсилоти худро дар Амрико гузаронида ва қаблан дар бонки “Goldman Sachs” фаъолият кардааст, дар барқарор кардани робитаҳои ибтидоӣ миёни Маскав ва Вашингтон дар давраи аввали президентии Трамп (2016-2020) нақши муҳим бозидааст. 

Ҳоло ӯ дар ин муозокирот иштирок дорад ва дар бораи барқарории малағҳои сарфшудаи Амрико назароти худро чунин баён намудааст: “Бояд дар назар дошт, ки касбу корҳои амрикоӣ аз замони хуруҷ аз Русия 300 миллиард доллар зарар кардаанд. Бинобар ин, таъсири иқтисодии азиме бар бисёре аз кишварҳо гузошта шуда ва мо бовармандем, ки масири оянда бояд бар пояи роҳи ҳалҳо бошад”.

Таҳаввулоти Аврупо ва вокуниш ба музокироти Амрико бо Русия

Ин музокирот дар ҳоле анҷом мешавад, ки раҳбарони аврупоӣ рӯзи душанбе дар Париж гирди ҳам омаданд, то дар бораи як стратегияи муштарак тавофуқ кунанд. Онҳо аз фишори Трамп барои оғози фаврии музокирот дар мавриди Украина, ки пас аз тамоси телефонии ӯ бо Путин дар ҳафтаи гузашта анҷом шуд, ғофилгир шуданд.

Роҳбарони аврупоӣ эълон карданд, ки сармоягузории бештаре дар бахши дифоӣ анҷом хоҳанд дод ва нақши роҳбариро дар тазминҳои амниятӣ ба Украина бар уҳда хоҳанд гирифт.

Дик Схоф, сарвазири Ҳолланд дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт:

“Ҳама аз хатарҳо ва фаврияти вазъият огоҳанд. Дар ин лаҳзаи ҳассос барои амнияти Аврупо мо бояд ҳамчунон пуштибони Украина бошем. Аврупо бояд нақши худро дар таъмини амният дар ҳар гуна созишнома иҷро кунад ва ҳамкорӣ бо Амрико дар ин замина зарурурӣ аст”.

Хатгардон аз хабаргузории “independentpersian.com”

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.