Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар Ғӯр Толибон мағозаҳоро барои лавҳаҳои форсӣ мебанданд
Гурӯҳи террористии Толибон дар як иқдоми бесобиқа дар Фирӯзкӯҳ, маркази вилояти Ғӯри Афғонистон мағозаҳоеро, ки лавҳаҳои форсӣ доранд, бастаанд. Толибон ба соҳибони мағозаҳо гуфтаанд, то замоне, ки рӯйи дари мағозаҳо лавҳаҳо бо забони паштуро насб накунанд, ҳаққи боз кардани онро надоранд.
Сокинони минтақи Ғӯри Афғонистон ба расонаҳо гуфтаанд, ки тайи ҳафтаҳои ахир фишорҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии гурӯҳи Толибон ба онҳо бештар шудааст.
Гурӯҳе аз калонсолони ин минтақа барои рафъи ин мушкил ба Раёсати иттилоот ва фарҳанги Толибон рафта, аз раиси он хоҳиш кардаанд, ки иҷозаи боз кардани мағозаҳоро диҳад. Раиси Раёсати иттилоот ва фарҳанги Толибон ба онҳо шарт гузоштааст, то замоне, ки рӯйи дари мағозаҳо лавҳаҳо бо забони пашту насб нашаванд, иҷозаи фаъолият нахоҳанд дошт.
Сокинони Ғӯр мегӯянд, ки Толибон бо баҳонаҳои мухталиф талош доранд, истифодаи забони форсӣ дар ин минтақаро маҳдуд кунанд.
Забони форсӣ дар қатори забони расмии Афғонистон буда, таърихи тӯлонӣ дорад. Бисёре аз ақвоми Афғонистон зимни муошират бо ҳам аз забони форсӣ истифода мекунанд. Забони форсӣ дар Афғонистон забони муоширати байни ақвом аст.
Ин маҳдудсозии Толибон иқдоми тоза нест. Қаблан, онҳо лавҳаҳои форсиро дар бисёре аз минтақаҳои Афғонистон канда, ба ҷойи он лавҳаҳои пашту насб кардаанд.
Дар гузашта бисёре аз лавҳаҳои донишгоҳу мағоза ва дигар муассисаҳои хизматрасонӣ бо ду забон – форсӣ ва пашту навишта мешуд. Ҳоло бошад Толибон фақат забони паштуро нишон медиҳад.
Кормандони Вазорати иттилоот ва фарҳанги гурӯҳи террористии Толибон соли гузашта дар шаҳри Кобул низ бисёре аз лавҳаҳои забони форсиро бо роҳи зурӣ канда, ба ҷойи он лавҳаҳои пашту насб карданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”