27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
18.02.2025 17:28

Хадамоти алоқа барои шунидани арзу шикоятҳо маркази нави тамос таъсис дод

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки барои шунидани арзу шикоят ва ҳалли масъалаи хизматрасонии интернет маркази нави тамос (колл-сентр) –ро роҳандозӣ кардааст.

Гуфта мешавад, ки шаҳрвандон акнун метавонанд, ба воситаи рақамҳои кӯтоҳи 40-30 оид ба ҳалли масъалаҳои хизматрасонӣ бо Хадамоти алоқа тамос гиранд ва арзу шикоят, пешниҳодҳо оид ба сифату вазъияти хизматрасониҳоро матраҳ кунанд.

Маркази тамос шабонарӯзӣ ва бидуни рӯзҳои истироҳат барои шунидани арзу шикояти шаҳрвандон оид ба хизматрасонии алоқаи мобилӣ омода аст.

Тибқи иттилои Хадамоти алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон марказ аз 18-уми феврал ба фаъолият оғоз кард.

Созмондиҳандагони маркази нави тамос мегӯянд, ки фаъолияти он ягона роҳу усули муносиб барои гирифтани дархост, шикоят ва пешниҳодҳои сокинони кишвар мебошад.

Хадамоти алоқа таъкид мекунад, ки ҳадафи асосии таъсиси марказ баланд бардоштани сифат ва дастрасии хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ барои шаҳрвандон ва вокуниши фаврӣ ба шикоятҳову бартарафсозии мушкилоти соҳаи алоқа мебошад. Хадамоти алоқа нақша дорад ҳамкориҳои худро бо аҳолӣ беҳтар намуда, роҳи қулай ва самараноки пешниҳоди шикоят ва дархостҳоро фароҳам кунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.