Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Эҳтимоли фаромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ дар назар аст
Дар рӯзҳои 18-19-уми феврал дар минтақаи километри 62-74-и шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ фаромадани тарма вуҷуд дорад.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, аз шаҳрвандон хостааст, ки зимни ҳаракат дар роҳ эҳтиёткор бошанд.
Бар асоси пешгӯии Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон дар ҳафтаҳои оянда гармшавии ҳаво идома меёбад, ки ин боиси об шудани қабати барф дар минтақаҳои кӯҳии кишвар мегардад. Ин ҳолат фаромадани тармаро дар субҳ ва шаб зиёд мекунад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия додааст, ки ронандагон зимни ҳаракат дар роҳ чораҳои бехатариро риоя намуда, мошинҳои худро бо захираи сӯзишворӣ ва чархҳои зимистона таъмин кунанд.
Гуфта мешавад, дар минтақаҳои кӯҳӣ мардум дар нишемангоҳи кӯҳҳо аз ҷамъоварии ҳезум ва иҷрои корҳои кишоварзӣ бояд худдорӣ кунанд. Ҳамчунин, дар рӯзҳои 18-19-уми феврал муваққатан ба чаронидани чорво дар минтақаҳои кӯҳӣ набароянд.
Ба ширкатҳои сайёҳӣ ва дӯстдорони сайёҳати кӯҳӣ машварат дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо ба кӯҳҳо сафар накунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”