27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:16, Душанбе
18.02.2025 11:34

Зеленский: “Аз оғози ҷанг то кунун 43 ҳазор сарбози украинӣ кушта шуданд”

Владимир Зеленский, президенти Ҷумҳурии Украина аввалин бор расман эълон кард, ки аз замони оғози ҳамлаи Русия ба хоки Украина 43 ҳазор сарбози украинӣ кушта ва 370 ҳазори дигар захмӣ шудаанд.

Президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи якшанбе, 16-уми феврал дар саҳифаи телеграми худ аввалин бор шумораи мушаххас ва теъдоди талафоти сарбозони Украинаро эълон намуд. Владимир Зеленский бо нашри омори расмии талафоти артиши Украина гуфт, ки иттилооти нашрнамудаи расонаҳо дар хусуси талафоти низомиёни украинӣ иғроқомез аст.

Дар ин паём Владимир Зеленский ба талафоти низомиёни рус низ ишора намуда, афзуд, талафоти низомиёни рус аз 750 ҳазор фаротар рафта, ки аз ин миқдор 198 ҳазор кушта ва беш аз 550 ҳазор нафар маҷруҳ гардидаанд. Ин иддаои президенти Украинаро мақомоти рус рад мекунанд.

Владимир Зеленский бори дигар ба зарурати дастёбӣ ба як сулҳи одилонаро таъкид кард ва ҳушдор дод, ки оташбас бидуни замонаҳои амниятӣ метавонад боиси азсаргирии ҷанг гардад.

“Як оташбаси бидуни замонатҳои мушаххас ба ин маъност, ки ҷанг метавонад дар ҳар лаҳза аз сар гирифта шавад. Ҳамон тавр, ки Путин қаблан ин корро кардааст” – таъкид намуд Владимир Зеленский.

Президенти Украина афзуд, ки барои пешгирӣ аз талафоти бештари низомиёни украинӣ бояд сулҳи пойдор таъмин шавад.

Истиқболи президенти Украина аз сулҳи пойдор дар ҳолест, ки тайи як ҳафтаи охир кӯшиши барқарор намудани оташбас ва сулҳ аз сӯйи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Федератсияи Русия оғоз шудааст.

Нахустин даври музокироти Русия ва Амрико дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ бидуни ҳузури мақомоти Украина ва Иттиҳоди Аврупо баргузор мегардад. Доналд Трамп гуфтааст, ки барои поён додан ба ҷанги Украина мустақиман бо Русия гуфтугӯ мекунад.

Тибқи иттилои расонаҳо дар ҳоли ҳозир ҳайатҳои музокиракунандаи Амрико ва Русия барои дидору гуфтушунид дар Арабистони Саудӣ қарор доранд.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия гуфт, ки дар музокироти сулҳи Украина Иттиҳоди Аврупо ҳеч нақше нахоҳад дошт.

Иттиҳоди Аврупо нигарони он аст, ки Доналд Трамп бидуни ҳузури онҳо мувофиқатномаи сулҳ бо Украинаро имзо мекунад. Ин нигарониҳо боиси он шудааст, ки сарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо нишасти изтирорӣ баргузор кунанд.

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико борҳо паёмҳои мусбат барои ҳалли эҳтимолии муноқишаи Украина ироа намудааст. Чанде пеш ӯ нимшӯхиву нимҷиддӣ гуфт, ки “Украиниҳо шояд рус шаванд ё нашаванд”.

Сиёсати пешгирифтаи Доналд Трамп оид ба масъалаи ҷанги Украина Владимир Зеленский ва ҳампаймононашро дар ҳолати ногувор қарор додааст. Ба назар мерасад, ки президенти Амрико мустақиман бо Русия қазияи ҷанги Украинаро ҳаллу фасл хоҳанд кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.