Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Зиёда аз 1,7 миллион сомонӣ. Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба варзишгарон
Бинобар иттилои АМИТ “Ховар” 17-уми феврал 46 нафар мураббиву варзишгари комёбу муваффақи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2024 ба дастовардҳои баланди варзишӣ ноил гардидаанд, бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Гуфта мешавад, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии варзишгарон бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қадршиносии 46 нафар ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо дар соли 2024-ум 1 миллиону 787 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо гардид.
Тибқи иттилои дастрас, давоми соли 2024 варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии Тоҷикистон 448 медал ворид намуданд. Аз ҷумла, 134 медали тилло, 108 нуқра ва 206 медали биринҷӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли 2023 87 медал (13 тилло, 22 нуқра ва 52 биринҷӣ) зиёд мебошад.
Мавриди зикр аст, ки аз соли 2015 инҷониб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таъсис дода ёфтааст, ки варзишгарон қадрдонӣ мегарданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”