Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Пас аз баҳси Сино тоҷик ё ӯзбек. Кишварҳо барои таҳкими дӯстӣ дар Душанбе “Боғи дӯстӣ” бунёд мекунанд
Мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасмим гирифтаанд, ки барои таҳкими дӯстӣ ва шарикии стратегӣ дар шаҳри Душанбе “Боғи дӯстӣ” –и муштарак бунёд кунанд.
Мақомоти ду кишвар зимни баррасии лоиҳаи боғ таъкид кардаанд, ки бунёди “Боғи дӯстӣ” на танҳо рамзи муносибатҳои бародаронаи ду кишвар аст, балки нақши муҳим дар беҳ шудани фазои экологии минтақа ва рушди соҳаи кишварзӣ иҷро мекунад.
Ҳафтае қабл директори Агентии рушди агросаноатии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон сафар кард. Ӯ дар ин сафар бо муовини Вазири кишоварзии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ Маҳмадулло мулоқот намуда, оид ба нақшакашӣ ва амалӣ намудани лоиҳаи “Боғи дӯстӣ” гуфтугӯ намуд. Ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро барои бунёди боғ нишон доданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҷузъиёти “Боғи дӯстӣ”-ро баррасӣ карда, ба созиш расиданд, ки барои амалӣ намудани лоиҳа чораҳои мушаххас андешанд. Мақомоти ҳар ду кишвар аз қитъаи ҷудошуда барои бунёди боғ боздид намуда, марҳилаи аввали иҷро намудани лоиҳаи бунёди онро баррасӣ карданд. Дар ин мулоқот супоришҳои муҳим барои амалӣ намудани лоиҳа дода шуд.
Гуфта мешавад, иқдоми мазкур барои баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои кишоварзии ду кишвар мусоидат мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”