27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
17.02.2025 16:36

Бекор шудани “усули шартӣ” сафар ба Туркияро сахттар кардааст

Мақомоти Ҷумҳурии Туркия ҳафтае қабл тасмим гирифтанд, ки механизми сафари “усули шартӣ”-ро бекор кунанд. Ин тасмим боиси он гаштааст, шаҳрвандони хориҷие, ки ба ин кишвар сафар мекунанд, ба мушкилот рӯ ба рӯ шаванд.

“Усули шартӣ” –и сафар имкон медод, ки шарҳвандони хориҷӣ дар сурати дуруст набудани ҳуҷҷатҳо, рад шудани раводиди иқомаи муваққатӣ вориди Туркия шуда, дубора барои дуруст намудани ҳуҷҷатҳояшон иқдом кунанд.

Пас аз бекор шудани механизми “усули шартӣ” бисёре аз шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон ва ҳамчунин, Русия дар майдони ҳавоии Туркия ба мушкил рӯ ба рӯ шудаанд.

Дар пайи сахтгириҳои мақомоти Туркия Консули генералии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Туркия ба шаҳрвандонаш ҳушдор дод, ки бидуни ҳуҷҷатҳои тасдиқшуда ё гирифтани раводиди сафар ба Туркия сафар накунанд. Ин консулгарӣ муроҷиат кардааст, ки дар ҳолати пеш омадани мушкилот ба консулгарӣ муроҷиат намоянд.

Бар асоси қоидаҳои нави Туркия шаҳрвандони хориҷие, ки муҳлати будубошашон гузашта ё раводидашон рад шудааст, наметавонанд вориди ин кишвар шаванд. Дар сурати дуруст набудани ҳуҷҷатҳо аз 3 то 6 моҳ аз вуруд ба Туркия манъ карда мешаванд. Дар ин хусус, раиси Ассотсиатсияи ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ хабар додааст.

Расонаҳо иттилоъ медиҳанд, ки дар рӯзи 10-уми феврал 150 шаҳрванди хориҷӣ дар майдони ҳавоии Туркия дар мондаанд ва ба онҳо иҷозаи вуруд дода намешавад. Гуфта мешавад, ки онҳо аз тағйироти нави мақомоти Туркия бехабар будаанд.

Бар асоси иттилоъ, қарор дар хусуси бекор намудани механизми “усули шартӣ” як ҳафта қабл қабул шуда буд ва дар хусуси ин тағйирот огоҳӣ дода нашудааст.

Ҷорӣ намудани қоидаҳои сахттари сафар ба Туркия дар ҳолест, ки чанд моҳ қабл Туркия низоми бидуни раводид бо Тоҷикистонро пурра бекор кард.

Ҷумҳурии Туркия барои пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо иқдомҳои сахтгиронаро амалӣ мекунад. Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо Туркияро муттаҳам мекунанд, ки муҳоҷирони ғайриқонуниро ба ин кишварҳо равон мекунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.