Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
27 миллион сомонӣ. Даромади блогерон ва пардохти андози онҳо маълум шуд
Бино ба иттилои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2024 даромади блогерони тоҷик 27 миллион миллион сомониро ташкил додааст.
Гуфта мешавад, ки блогерон аз ҳисоби даромадҳояшон 2,2 миллион сомонӣ андоз супоридаанд.
Новобаста ба фаъолони зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ, тибқи иттилои манбаъ, ҳоло дар ҷумҳурӣ 114 нафар ҳамчун блогер расман сабти ном шудаанд, ки дар муқоиса бо соли 2023-юм 26 кас зиёдтар мебошад
Ёдовар мешавем, ки як сол пеш нашрияи “Боҷу хироҷ” навишта буд, ки дар соли 2023 даромади блогерони тоҷик 33,5 миллион сомонӣ ё тақрибан 3 миллион долларро ташкил дода, 2,5 миллион сомонӣ андоз супурдаанд.
Дар кишвар аз соли 2020 инҷониб сабти номи блогерон оғоз шуда, ҳамчунин, ду сол пеш Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон фаъол гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”