27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
17.02.2025 13:57

Ҳуқуқшинос: “Аз депорти 975 ӯзбек ҳатто амрикоиҳо дар ҳайратанд”

Яке аз ваъдаҳои асосии корзори интихоботии Доналд Трамп мубориза бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ буд. Баъди адои савганди президентӣ президенти Амрико ба ваъдаҳояш вафо намуда, барномаи депорти муҳоҷирони ғайриқонуниро оғоз кард.

Тайи ду-се ҳафтаи ахир ҳазорон муҳоҷири ғайриқонунӣ аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Осиёи Марказӣ ба кишварҳои дувум ва севум депорт шуданд. Гуфта мешавад, ки муҳоҷирони депортшуда ба воситаи ҳавопаймо ба кишварҳояшон баргардонида мешаванд.

Ҳуқуқшиноси ӯзбекистонӣ Акмал Элмуродов, ки дар як ширкати ҳуқуқӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кор мекунад, дар хусуси раванди оғозшудаи ихроҷи муҳоҷирон андешаронӣ намудааст.

Ин ҳуқуқшинос мегӯяд, раванди депорти муҳоҷирон бархе амрикоиҳоро ҳайратзада кардааст, аммо аксари онҳо аз ин барномаи Доналд Трамп пуштибонӣ мекунанд.

Бар асоси гузориши як ниҳоди назораи муҳоҷирони Амрико, дар марҳилаи аввал 1,5 миллион нафар аз ин кишвар бояд депорт шаванд. Таъкид мешавад, ки дар рӯйхати афроди депортшаванда 975 шаҳрванди Ӯзбекистон қарор доранд.

Доналд Трамп тасмим гирифтааст, ки аввал муҳоҷиронро ба кишварҳои Амрикои Лотин депорт кунад ва пасон ба воситаи ҳавопаймо ба кишварҳояшон баргардонад.

Акмал Элмуродов, коршиноси масоили муҳоҷират мегӯяд, ки муроҷиати шаҳрвандон барои гирифтани ёрии ҳуқуқӣ дар ин шабу рӯз бештар шудааст.

“Аксари муроҷиаткунандагони мо аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ мебошанд”- гуфт Акмал Элмуродов.

Ҳуқуқшиноси ӯзбекистонӣ мегӯяд, вақте Доналд Трамп расман ба кор оғоз кард, демократҳоро муттаҳам намуд, ки “дари Амрикоро барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ” боз гузоштаанд. Демократҳо ба ин иддаои Доналд Трамп наметавонанд посух диҳанд.

“Депортатсия ҳоло воқеан беэҳтиёт мегузарад. Баъзе амрикоиҳо дар ҳайрат мондаанд, вале бисёриҳо инро дастгирӣ мекунанд” – мегӯяд Акмал Элмуродов.

Гуфта мешавад, ки номи 975 ӯзбекистонӣ дар рӯйхати муҳоҷирони депортшаванда қарор гирифтааст ва дар ин хусус қарори суд содир шудааст. Бештарини ин муҳоҷирон ба воситаи Максика ба Амрико ворид шуда, талаби ҳаққи паноҳандагӣ кардаанд. Барои гирифтани ҳаққи паноҳандагӣ шаҳрвандон бояд далелҳои қавӣ ва собит дошта бошанд.

“Дар рӯйхат одамоне ҳастанд, ки қоидаҳои иқоматро нақз карданд, корҳои ғайриқонунӣ мекунанд ё собиқаи ҷиноятӣ доранд” – шарҳ медиҳад Акмал Элмуродов.

Ӯ мегӯяд, ки дар ин масъала ниҳодҳои амрикоӣ бо мақомоти Ӯзбекистон ҳамкорӣ мекунанд: “Бисёре аз муроҷиаткунандагони мо ҳоло огоҳӣ мегиранд. Вале онҳо намедонанд, ки чи кор кунанд ва барои кумак ба ҳуқуқшиносон муроҷиат менамоянд. Агар даъватнома расид, бояд рафта иҷро кунанд. Амрико гарчи кишвари калон, вале ёфтани одамон осон аст” – мегӯяд Акмал Элмуродов.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.