27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
17.02.2025 09:55

Ӯзбекистон дар радабандии суръати интернет 5 зина боло рафт

Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар радабандии созмони ҷаҳоние, ки суръати интернетро месанҷад, панҷ зина дар мақоми боло қарор гирифтааст.

Тибқи санҷиш ва радабандии созмони “Speedtest Global Index” Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар миёни кишварҳои ҷаҳон ва минтақа дар ҷойи 68-ум қарор гирифтааст.

Бар асоси иттилои расонаҳо, суръати миёнаи пайвастшавии интернети мобилӣ дар Ӯзбекистон 51, 02 Мбит/с буда, нисбат ба моҳи декабри соли 2024 нисбатан босуръаттар мебошад.

Дар бахши интернети ноқилӣ баръакс Ӯзбекистон як зина дар мақоми пойинтар, дар ҷойи 75-ум қарор гирифтааст. Суръати миёнаи интернети ноқилӣ дар Ӯзбекистон 81, 58 Мбит/с –ро ташкил медиҳад.

Бар асоси радабандии созмони “Speedtest Global Index” интернети босуръат дар ду кишвар - Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Сингапур вуҷуд дорад. Тибқи иттилоъ суръати интернет дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ 545, 94 Мбит/с ва суръати интернети ноқилӣ дар Сингапур 336, 45 Мбит/ с аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.