27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
17.02.2025 09:47

Ду медали биринҷӣ. Дастоварди паҳлавонони тоҷик аз “Baku Grand Slam 2025”

Аз 14-ум то 16-уми феврал дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон мусобиқаи “Baku Grand Slam 2025” (“Тоскулоҳи бузург”) бо иштироки 258 варзишгар (166 мард ва 92 зан) аз 36 кишвар баргузор шуд.

Дар мусобиқаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро шаш варзишгар Муҳиддин Асадуллоев, Абубакр Шеров (ҳарду дар вазни -73 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни -81 кг), Кароматулло Ҳакимов, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду дар вазни -100 кг) намояндагӣ карданд.

Варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа ду медали биринҷӣ ба даст оварданд. Медали якумро Абубакр Шеров ба даст овард. Ӯ дар вазни то 73 кило баромад карда, варзишгарон аз Хорватия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопонро шикаст дода, дар даври ниманиҳоӣ аз Рашид Маммадалиеви озарӣ ноком шуд. Сипас, барои нишони биринҷӣ бар Георгий Чихелидзеи гурҷӣ ғолиб омад.  

Ҷаҳонгир Маҷидов, паҳлавони 24-солаи тоҷик, ки дар вазни то 100 кило баромад кард, медали дуюми биринҷиро аз “Baku Grand Slam 2025” ба Тоҷикистон овард. Ӯ дар даври якум Кристиан Тот аз Маҷористон, дар даври дуюм Рустам Шораҳматов аз Узбекистонро шикаст дода, дар нимфинал аз Арай Дотаи ҷопонӣ шикаст хӯрд. Ҳамин тавр, барои медали биринҷӣ бо гуштигири дастаи бетараф (IJF) Муҳаммадалӣ Матаев рақобат карда, ғолибият ба даст овард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.