27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:53, Душанбе
17.02.2025 09:13

Вазири эронӣ чеҳраҳо ва ҳунармандони тоҷикро ба Эрон даъват кард

Вазири эронӣ дар 18-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Эрон аз намояндагони Тоҷикистон хост, ки чеҳраҳои шинохта ва ҳунармандони тоҷик ва эронӣ барои ошноӣ аз ҷозибаҳои сайёҳӣ ба кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд.

Солеҳ Амирӣ, вазири мероси фарҳангӣ, сайёҳӣ ва саноати дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мулоқот бо Ҷашед Ҷумахонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъкид ба таҳкими робитаҳо сафари ҳунармандон ва чеҳраҳои шинохта ба Эрон ва Тоҷикистонро пешниҳод кард. Ӯ бо ин пешниҳод таъкид намуд, ки сафари чеҳраҳои шинохта ва ҳунармандони ду кишвар заминагузори муаррифии имкониятҳои фарҳангӣ ва сайёҳии Эрону Тоҷикистон хоҳад шуд.

“Эрон ва Тоҷикистон як миллат ва ду давлат ҳастанд ва барои рушди робитаҳо ҳеч монеае надорем. Мо барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон 100 далел дорем, аммо ҳатто як далел барои ҳамкорӣ накардан надорем” – гуфт Солеҳ Амирӣ.

Дар ҷараёни мулоқот вазири эронӣ Солеҳ Амирӣ гуфт, ки муштаракоти фарҳангӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон бисёр густурда аст ва дар сафар ба Тоҷикистон шоҳиди ин муштаракоти фарҳангӣ будааст. Ӯ гуфт, ки шумораи сайёҳони эронӣ аз 8 ҳазор нафар ба 100 ҳазор нафар расидааст ва ҷониби Эрон дар талош аст, ки шумораи сайёҳон боз ҳам афзоиш ёбад.

“Илова ба рушди сайёҳӣ мо Тоҷикистонро шарики тиҷоратии худ дар минтақа медонем ва сафари доктор Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон нишондиҳандаи аҳамияти ин кишвар барои Эрон аст” – илова кард вазири Эронӣ Солеҳ Амирӣ.

Солеҳ Амирӣ ва Ҷамшед Ҷумахонзода дар ҷараёни музокирот созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахши сайёҳиро имзо намуданд, ки саҳифаи навро дар муносибатҳои дуҷониба боз мекунад.

Солеҳ Амирӣ ҳамчунин, бо ишора ба сафари ахираш ба Тоҷикистон ва имзои созишномаҳо барои мусоид сохтани зерсохтҳо, аз ҷумла роҳандозии парвозҳои мустақими ҳавоӣ хабар дод ва гуфт: “Қарор шуд ҷозибаҳои сайёҳии Эрон дар Тоҷикистон ва ҷозибаҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Эрон муаррифӣ шавад. Аз зарфияти шабакаҳои иҷтимоӣ барои ин амр истифода хоҳем кард ва ҳамчунин, бо раиси Созмони садо ва симо суҳбат кардем, то рекламаҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Эрон анҷом шавад”.

Вазири эронӣ ҳамчунин, пешниҳод намуд, ки шабҳои фарҳангии Душанбеву Теҳрон барои густариши робитаҳи фарҳангӣ баргузор шавад. Инчунин, доир намудани намоишгоҳҳои саноати дастӣ ва офаридаҳои ҳунарии ду кишвар метавонад боиси тақвияти равобити дуҷонибаи фарҳангӣ шавад.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода дар ин мулоқот ба муштаракоти фарҳангии ду кишвар ишора намуда, таъкид кард, ки “Такя ба муштаракоти фарҳангӣ метавонад боиси равнақи ҳарчӣ бештари сайёҳӣ миёни ду кишвар шавад”.

Ҷамшед Ҷамахонзода аз пешниҳоди вазири эронӣ доир ба муаррифии арзишҳои барҷаста ва ҷозибаҳои сайёҳии ду кишвар истиқбол намуда, афзуд, ки “Ин пешниҳодҳо метавонанд робита ва ҳамкории ҳунармандони ду кишварро тақвият намоянд”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.