Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Русия дар Душанбе барои кӯдакони болаёқат марказ месозад
Дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, бо дастгирии Федератсияи Русия сохтмони марказ барои кӯдакони болаёқат ба нақша гирифта шудааст.
Созишнома оид ба таъсиси ин маркази байналмилалии таълимӣ моҳи декабри соли 2023 ба имзо расида, моҳи октябри соли 2024 тасдиқ шудааст.
Марказ барои 500 хонанда пешбинӣ шудааст, ки 300 нафари онҳо метавонанд дар ҳудуди муассиса тамоми сол зиндагӣ кунанд. Таълим бо забони русӣ мувофиқи стандартҳои таълимии Русия ва Тоҷикистон сурат мегирад.
Ифтитоҳи марказ барои соли 2027 ба нақша гирифта шудааст.
Илова бар ин, дар доираи ҳамкории ду кишвар, дар Душанбе сохтмони бинои нави Театри драмавии русии ба номи Маяковский низ пешбинӣ шудааст. Ин лоиҳаҳо ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва таълимӣ байни Русия ва Тоҷикистон мусоидат мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад