27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
15.02.2025 13:35

Амрико шаҳрвандони Ӯзбекистонро ба Панама ихроҷ кард

Ҳукумати Амрико дар ҳафтаҳои гузашта қисми зиёди муҳоҷирон аз кишварҳои осиёӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ӯзбекистонро ба Панама ихроҷ кард. Гуфта мешавад, ки дар миёни шаҳрвандоне, ки ба Панама ихроҷ шудаанд, шаҳрвандони Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна низ ҳастанд.

Рӯзномаи “Ню-Йорк таймз” менависад, ки кишварҳои осиёӣ шаҳрвандони худро қабул намекунанд ва ин боиси он гаштааст, ки мақомоти амрикоӣ барои ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба душворӣ рӯ ба рӯ шавад. Ин хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ӯзбекистон ин маълумотҳоро рад мекунад.

Ихроҷи муҳоҷирон суръат меёбад

Ҳукумати Доналд Трамп барои пешгирӣ аз ҳузури муҳоҷирони ғайриқонунӣ барномаеро рӯйи даст гирифтааст ва ин барнома иборат аз он аст, ки аксари муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба кишварҳои дувум ва севум ихроҷ карда мешаванд. Дар ин хусус рӯзномаи “Ню-Йорк таймз” менависад, ки нахустин ҳавопаймои шомили муҳоҷирон аз кишварҳои Чин, Покистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон ба Панама интиқол дода шуданд.

Ихроҷи муҳоҷирон ба Панама баъди сафари вазири хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Марко Рубио ба Панама ва таҳдидҳои Доналд Трамп дар хусуси бастани канали Панама сурат мегирад.

Панама хабари ихроҷи муҳоҷиронро тасдиқ кард

Хосе Раул Мулино, президенти Панама рӯзи 13-уми феврал дар нишасти матбуотӣ тасдиқ намуд, ки 119 нафар муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба воситаи ҳавопаймои низомии Амрико шабона ба Панама оварда шуданд. Мақомоти Панама онҳоро муваққатан дар меҳмонхона ҷой кардаанд ва баъдан ба лагери паноҳандагон дар минтақаи Дарен интиқол додаанд.

Гуфта мешавад, ки ин равандро Созмони байналмилалии муҳоҷират назорат мекунад ва онҳо пасон ба кишварҳои худашон фиристода мешаванд.

Амрико хароҷоти интиқоли муҳоҷиронро медиҳад

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хароҷоти парвози ҳавопаймҳои муҳоҷиронро медиҳад ва барои бозгашти онҳо ба ватани аслиашон маблағ ҷудо мекунад. Баъди таҳдиди Доналд Трамп аксари кишварҳои Амрикои Лотин ҳамкориҳоро дар самти мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ оғоз кардаанд. Президенти Амрико борҳо Максика ва Панамаро барои назорат накардани сарҳади давлатӣ ва фиристодани муҳоҷирон ба Амрико танқид кардааст.

Доналд Трамп нақша дорад, ки муҳоҷиронро на фақат ба Панама ё Мексика, балки ба Салвадор ва Гватемала ихроҷ кунад. Аксари ҳукуматҳои кишварҳои зикршуда бо барномаи Доналд Трамп мувофиқат кардаанд ва бархеи дигар дар ҳоли музокира ҳастанд.

Ӯзбекистон ихроҷи ӯзбекҳо ба Панамаро рад мекунад?

Хабари ихроҷи муҳоҷирони ӯзбекистонӣ ба Панама дар ҳоле нашр мешавад, ки “Ню-Йорк таймз” навишт, Ӯзбекистон намехоҳад шаҳрвандони худро баргардонад. Вале сафорати ИМА дар Тошканд ин маълумотро комилан рад карда, ба расонаҳо гуфтааст, ки Ӯзбекистон шарики боэътимоди ИМА мебошад ва ба дархости ихроҷи шаҳрвандонаш зуд посух медиҳад.

Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ гуфт, ки бо ҳукумати Ӯзбекистон ҳамкорӣ мекунанд, то раванди ихроҷ дуруст сурат гирад.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон Аҳрор Бурҳонов дар ин бора чунин таъкид кард: “Агар шаҳрвандони Ӯзбекистон дар Панама бошанд, мо тамоми кумаки заруриро мерасонем. Ҳар як шаҳрванди мо, ки дар Амрико бо мушкилӣ рӯ ба рӯ шудааст, метавонад ба сафорат дар Вашингтон ё консулгарӣ дар Ню-Йорк муроҷиат кунад”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.